Нахустнамоиши филми “Хоби сурх” кай ва дар куҷо доир мегардад?

Нахустнамоиши филми бадеии “Хоби сурх” рӯзи 16-уми май, соати 18:00 дар толори синамои “Ватан” доир мегардад. Дар ин бора “Тоҷикфилм” хабар додааст. Ба иттилои ин ниҳод, филм бо коргардонии Соҳибёр Толиб рӯйи саҳна омада, филмнома низ аз ҷониби худи коргардон навишта шудааст.  Наворбардории филм соли 2024 оғоз гардида буд ва қаблан “Девона” унвон дошт. Давомнокии […]

Нахустнамоиши филми бадеии “Хоби сурх” рӯзи 16-уми май, соати 18:00 дар толори синамои “Ватан” доир мегардад. Дар ин бора “Тоҷикфилм” хабар додааст.

Ба иттилои ин ниҳод, филм бо коргардонии Соҳибёр Толиб рӯйи саҳна омада, филмнома низ аз ҷониби худи коргардон навишта шудааст. 

Наворбардории филм соли 2024 оғоз гардида буд ва қаблан “Девона” унвон дошт. Давомнокии он 80 дақиқа буда, дар ноҳияҳои Варзоб ва Рӯдакӣ ба навор гирифта шудааст.

Нақшҳои асосии филми “Хоби сурх”-ро ҳунармандони шинохтаи тоҷик, Исфандиёр Ғуломзода, Меъроҷиддин Асоев, Таҳмина Раҷабова, Ғолиб Исломов, Қурбони Собир, Зарпарӣ Хушвақт ва дигарон офаридаанд.

Манбаъ менависад, достони филм зиндагии нафареро тасвир мекунад, ки “дар даврони истиқлол зери таъсири андешаҳои ташаккулёфтаи давраи Шӯравӣ қарор дорад”.

Сюжаи филм дар бораи пирмарде қисса мекунад, ки дар ҷанги Афғонистон сарбози ҳукумати шуравӣ буд. Ӯ дар бузургсолӣ гирифтори беморӣ шуда, пас аз 2 соли бистарӣ шудан дар бемористони руҳӣ мехоҳад Иттиҳодияи Шуравиро барқарор кунад.

Гуфта мешавад, дар филми “Хоби сурх” андешаҳои иҷтимоиву инсонӣ ба таври вижа ба тасвир омада, масоили замонаро низ матраҳ мекунад.

Ёдрас мешавем, ки қаблан ин ниҳод аз анҷоми филмбардории “Пайроҳаи хашм” ва “Моҳӣ барои рафиқ Черчил” иттилоъ дода буд. Филми “Пайроҳаи хашм” тирамоҳи соли ҷорӣ дар чаҳорчӯби ҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” дар Душанбе рӯнамоӣ мешавад. “Моҳӣ барои рафиқ Черчил” дар танзим қарор дорад.

Ҳоло барои наворбардории филми муштараки таърихии “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” корбарӣ мешавад ва ба гуфтаи масъулини “Тоҷикфилм”, ҷониби Тоҷикистон пурра омода буда, рӯзҳои наздик филмбардорӣ оғоз мегардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.