СММ: Теъдоди қурбониёни даргирии байни Фаластину Исроил ба беш аз 1600 нафар расид

Тавре ки Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад, беш аз 187 ҳазор сокини Навори Ғазза хонаҳои худро тарк карданд. Шумораи қурбониёни ҳарду ҷониб бештар аз 1600 нафарро ташкил медиҳад. Дафтари ҳамоҳангсозии умури башардӯстонаи СММ (OCHA) гузоришеро дар бораи он чӣ дар 24 соати охир дар Исроил ва навори Ғазза рух дод, нашр кард,  хабар медиҳад BBC. […]

Тавре ки Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад, беш аз 187 ҳазор сокини Навори Ғазза хонаҳои худро тарк карданд. Шумораи қурбониёни ҳарду ҷониб бештар аз 1600 нафарро ташкил медиҳад.

Дафтари ҳамоҳангсозии умури башардӯстонаи СММ (OCHA) гузоришеро дар бораи он чӣ дар 24 соати охир дар Исроил ва навори Ғазза рух дод, нашр кард,  хабар медиҳад BBC.

“Ҳамос” ба сӯи Исроил мушакандозиро идома медиҳад, дар ҳоле ки нерӯҳои исроилӣ рӯзи душанбе ба мавқеъҳои Ҳамос ҳамлаҳои шадид анҷом дода буд.

То шоми рӯзи душанбе дар ҳамлаи Ҳамос ба Исроил дар маҷмӯъ беш аз 900 исроилӣ ва ҳамчунин шаҳрвандони хориҷӣ кушта шуданд.

Ба гуфтаи вазорати тандурустии Исроил, дастикам 2616 нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Ба гуфтаи вазорати тандурустии Ғазза, 687 фаластинӣ кушта ва 3800 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.

17 фаластинии дигар, аз ҷумла чаҳор кӯдак, аз сӯи артиши Исроил дар соҳили Ғарб кушта ва 295 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Муҳоҷирони дастаҷамъӣ дар навори Ғазза дар 24 соати гузашта ба беш аз 187 ҳазору 518 нафар расидааст ва интизор меравад, ки шумори онҳо боз ҳам афзоиш ёбад.

Аз замони авҷ гирифтани амалиёти ҷангӣ дар Ғазза чаҳор мактаб ва 8 муассисаи тиббӣ осеб дидаанд.

Созмони Милал мегӯяд, шумори оворагони муваққат дар навори Ғазза аз замони авҷ гирифтани ҷангҳои 50-рӯза дар соли 2014 баландтарин аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.