Сомонаҳои расмӣ ё хабарӣ? Хонандагони тоҷик ба кадом сарчашма боварии бештар доранд?

Гирифтани маълумот аз сарчашмаи боэътимод яке аз роҳҳои наафтодан ба доми қаллобон ва гурез аз хабарҳои “фейкӣ” аст. Бояд ҳар шахс барои худ сарчашмаи боэътимоди хабару маълумот дошта бошад. Зеро бо гирифтани маълумот аз сарчашмаҳои беэътимод ва қалбақӣ шумо метавонед ба хабарҳои фейкӣ бовар кардаву ба доми қаллобон афтед. Аз ин рӯ, мо барои донистани […]

Се нуқта

Гирифтани маълумот аз сарчашмаи боэътимод яке аз роҳҳои наафтодан ба доми қаллобон ва гурез аз хабарҳои “фейкӣ” аст.

Бояд ҳар шахс барои худ сарчашмаи боэътимоди хабару маълумот дошта бошад. Зеро бо гирифтани маълумот аз сарчашмаҳои беэътимод ва қалбақӣ шумо метавонед ба хабарҳои фейкӣ бовар кардаву ба доми қаллобон афтед.

Аз ин рӯ, мо барои донистани назари корбарони бахши тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ дар мавриди сарчашмаҳои боварибахши иттилоот, мо дар Facebook ва Одноклассники назарпурсӣ (опрос) гузаронидем. Дар умум дар назарпурсии мо 1170 нафар корбарони ин ду шабакаи иҷтимоӣ иштирок карданд, аммо натиҷаи он ба куллӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд, чун корбарони ин шабакаҳо аз ҳам фарқ мекунанд.

Дар назарпурсии Facebook 558 корбар иштирок намуданд ва бештари онҳо (313 кас) ба тарафдории Оҷонсии иттилоотии “Asia-Plus” овоз доданд. Ҳамин тавр ба тарафдории

Радио “Озодӣ” 180 кас

"Спутник" 42 кас

АМИТ "Ховар" 17 кас

"Авеста" 5 кас

Сомонаҳои расмии вазорату корхонаҳо 8 кас

овоз доданд. Аз ин бар меояд, ки корбарони Facebook “Asia-Plus”-ро ҳамчун сарчашмаи боэътимодтарин интихоб намудаанд.  

Дар назарпурсии Одноклассники 612 корбар иштирок намуданд ва бештари онҳо (475 кас ё 67,5%) ба тарафдории Радио “Озодӣ” овоз доданд. Ҳамин тавр ба тарафдории

Оҷонсии иттилоотии “Asia-Plus” 109 кас ё 15,5%

"Спутник" 43 кас ё 6,1%

АМИТ "Ховар" 30 кас ё 4,3%

Сомонаҳои расмии вазорату корхонаҳо 30 кас ё 4,2%

"Авеста" 17 кас ё 2,4%

овоз доданд. Аз ин бар меояд, ки корбарони Одноклассники Радио “Озодӣ”-ро ҳамчун сарчашмаи боэътимодтарин интихоб намудаанд.  

Хулоса. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз сомонаҳои расмӣ ва агентии милли “Ховар” дида, ба хабаргузориҳои мустақил эътимоди бештар доранд. Шояд сабаб дар он бошад, ки хабаргузориҳои мустақил маводи худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар паҳн мекунанд.

PS: Албатта хуб аст, агар шумо маълумотро аз чанд сарчашмаи дигар хонед ва дар муқоиса хулоса бароред, ки кадоме аз онҳо ба ҳақиқат наздик аст. Барои ин кофӣ аст, ки сарлавҳаи хабари мавриди назарро дар сомони ҷустории Google кобед.

Агар хабару маълумоте дар назаратон шубҳанок менамояд ба мо фиристед, мо месанҷем ва ба шумо хабар медиҳем, ки то куҷо ҳақиқат дорад.

Барои донистани нишонаҳои хабарҳои “фейкӣ” ва қоидаҳои мутолиаи хабарҳо маоди мо “Бидон, чиро мебинӣ! 5 нишонаи хабарҳои фейкӣ ва 5 қоидаи мутолиаи хабарҳо” – ро мутолиа кунед.

Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!

Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.