Қарзи берунаи Тоҷикистон дар 6 моҳ $170 млн афзуд

Қарзи берунаи Тоҷикистон то 1 июли соли равон ҳудуди 3,1 млрд долларро ташкил дода, таносуби қарзи хориҷӣ нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар 36,1%-ро ташкил медиҳад. “Ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон давоми 6 моҳ 170,9 млн доллар зиёд шуд”, – хабар дод ба журналистон вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода. Тоҷикистон аз ҳама зиёдтар назди “Эксимбонк”-и […]

Қарзи берунаи Тоҷикистон то 1 июли соли равон ҳудуди 3,1 млрд долларро ташкил дода, таносуби қарзи хориҷӣ нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар 36,1%-ро ташкил медиҳад.

“Ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон давоми 6 моҳ 170,9 млн доллар зиёд шуд”, – хабар дод ба журналистон вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода.

Тоҷикистон аз ҳама зиёдтар назди “Эксимбонк”-и Чин қарздор аст,ки ҳаҷми он ба зиёда аз 1,1 млрд доллар баробар аст.

Ҳамчунин Тоҷикистон ба Бонки ҷаҳонӣ ба маблағи 338,5 млн, Бонки осиёии рушд – 287,3 млн, Бонки исломии рушд – 131,9 млн доллар қарздор буда, ҳаҷми уҳдадориҳои қарзӣ аз рӯйи евробондҳо 500 млн долларро ташкил медиҳад.

Вазири молия қайд кард, ки дар 6 моҳи соли ҷорӣ барои татбиқи 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 587,2 млн доллар 16 созишномаи нави қарзӣ ва грантӣ имзо шудааст.

Аз ин ҳаҷм 361,2 млн доллараш маблағҳои грантӣ, 220 млн – қарзҳо ва 6 млн доллараш саҳми ҳукумати Тоҷикистон мебошад.

Аввали соли равон вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода изҳор дошта буд, ки корҳои ҷалби қарзи хориҷӣ ба стратегия оид ба идоракуни қарзи хориҷӣ бо назардошти тавсияҳои Хазинаи байнулмилалии асъор асос меёбад.

“Кӯшиш мекунем, ки аз доираи тавсияҳои ХБА берун наравем, зеро бо ин Хазина ва дигар созмонҳои байнулмилалии молиявӣ ҳамкорӣ дошта, манфиатдорем, ки минбаъд ба ҳамкории мо ягон монеа эҷод нашавад”, – иброз дошта буд Қаҳҳорзода.

Таъкид шуд, ки дар ин масъала ба ҷалби маблағҳои беруна бар асоси кумаки бебозгашт афзалият дода мешавад.

Мебояд гуфт, “хатти сурх”-е, ки ХБА баромадан аз онро ба иқтисоди кишварҳое чун Тоҷикистон тавсия намедиҳад, таносуби 40% қарзи хориҷӣ нисбат ба ММД мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.