ТАЛКО қарздориашро назди “Барқи тоҷик” рад мекунад

Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) маълумот дар бораи қарздори калон буданаш ба ширкати “Барқи тоҷик”-ро рад мекунад. Директори Департаменти иттилоот ва робита бо ҷомеаи ТАЛКО Игор Сатторов қайд мекунад, ки рӯзи 28 июл дар чанде аз ВАО бо истинод ба ШСХК "Барқи тоҷик” дар бораи қарздори калон будани ширкат ба “Барқи тоҷик” маълумот нашр шуд. Дар […]

Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) маълумот дар бораи қарздори калон буданаш ба ширкати “Барқи тоҷик”-ро рад мекунад.

Директори Департаменти иттилоот ва робита бо ҷомеаи ТАЛКО Игор Сатторов қайд мекунад, ки рӯзи 28 июл дар чанде аз ВАО бо истинод ба ШСХК "Барқи тоҷик” дар бораи қарздори калон будани ширкат ба “Барқи тоҷик” маълумот нашр шуд.

Дар шарҳи ин масъала ӯ изҳор мекунад, ки тибқи таҷрибаи ҷойдошта байни ТАЛКО ва “Барқи тоҷик” ҳисоббаробаркуниҳои хотимавӣ байни корхонаҳо охири сол сурат мегиранд.

Ин ҳисоббаробаркуниҳо ба гуфтаи Сатторов, натанҳо аз пардохт барои барқи истифодашуда дар ифодаи пулӣ иборатанд, балки аз ҷониби ширкати алюминий аз ҳисоби таъминоти Маркази барқу гармидиҳии Душанбе бо ангишт ва маҳсулоти нафтӣ ҳисоббаробарӣ карда мешаванд.

“Тайи 5 соли охир ширкати алюминии тоҷик натанҳо пурра, балки бо гузаронидани маблағи зиёдтар аз пешбинишуда барои истифодаи неруи барқ пардохтҳоро анҷом дод”, – илова кард ӯ.

Сардори Сарраёсати молияи “Барқи тоҷик” Рустам Маҷидзода дар нишасти матбуотии рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта хабар дод, ки ТАЛКО ба сафи қарздорони калони ширкат дохил шуда, аз ҳисоби истифодаи барқ 415 млн сомонӣ (беш аз 40 млн доллар) қарздор аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...