Тағйироти навбатии кадрӣ дар сохторҳои ҳукумат

Бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи дипломатияи тоҷик, роҳбарияти ду ноҳияи вилояти Суғд ва чанд шуъбаи Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармонҳои президенти Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдов, собиқ сафири Тоҷикистон дар Покистон, сафири Тоҷикистон дар Давлати Қувайт, Шералӣ Ҷононов, собиқ сардори Раёсати шартномавӣ […]

ASIA-Plus


Бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи дипломатияи тоҷик, роҳбарияти ду ноҳияи вилояти Суғд ва чанд шуъбаи Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармонҳои президенти Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдов, собиқ сафири Тоҷикистон дар Покистон, сафири Тоҷикистон дар Давлати Қувайт, Шералӣ Ҷононов, собиқ сардори Раёсати шартномавӣ – ҳуқуқии Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон сафири Тоҷикистон дар Покистон ва Зоҳир Саидов, собиқ мушовири сафорати Тоҷикистон дар Озарбойҷон сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон таъин карда шуданд.

Ба иттилои манбаъ, бо фармонҳои сарвари давлат ҳамчунин Рустам Раҳматов, собиқ раиси ноҳияи Айнӣ, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд ва Неъматулло Иноятов, собиқ сардори бахши харид ва мониторинги Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмонии иншооти гидроэнергетикии назди президенти Тоҷикистон, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Айнии вилояти Суғд таъин гардиданд.

Ҳамчунин бо амрҳои президенти Тоҷикистон, Ҳомидҷон Боиров, собиқ раиси ноҳияи Зафаробод, мудири Шӯъбаи сохтмон ва меъмории Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, Амирхоҷа Ғоибназаров, собиқ раиси Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон, мудири Шӯъбаи назорати Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ва Қурбоналӣ Раҳмонов, собиқ мушовири президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои илм ва технологияи муосир, мудири Шӯъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон таъин карда шуданд.

Ҳамчунин имрӯз дар бораи ифтитоҳи сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар Давлати Кувайт ва Давлати Қатар фармони президент ба имзо расид.

Дар иттилои хадамоти матбуот зикр мегардад, ки зимни суҳбат бо кадрҳои ба вазифаҳои нав таъиншуда, сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба кору хизмати содиқонаю софдилона ба нафъи халқу ватан ва баҳри таҳкими асосҳои давлатдории миллӣ ҳидоят намуда, дар наздашон вазифаҳои мушаххас гузошт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.