Душанбе: Мусодираи миқдори зиёди маводи мухаддир

Аз ҷониби кормандони РВКД дар шаҳри Душанбе дар кӯчаи Деҳнаваки болои ноҳияи И.Сомонӣ автомашинаи тамғаи «Камаз» таҳти идораи ронанда Мубинҷон Ахмедов, соли таваллудаш 1970, сокини ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд, боздошт гардидааст, ки ҳангоми кофтукови автомашина 14 килою 700 грамм маводи нашъадори «афюн» ва 14 кило маводи нашъадори «ҳашиш» дарёфт ва мусодира карда шуд. Дар маҷмӯъ […]

ASIA-Plus


Аз ҷониби кормандони РВКД дар шаҳри Душанбе дар кӯчаи Деҳнаваки болои ноҳияи И.Сомонӣ автомашинаи тамғаи «Камаз» таҳти идораи ронанда Мубинҷон Ахмедов, соли таваллудаш 1970, сокини ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд, боздошт гардидааст, ки ҳангоми кофтукови автомашина 14 килою 700 грамм маводи нашъадори «афюн» ва 14 кило маводи нашъадори «ҳашиш» дарёфт ва мусодира карда шуд. Дар маҷмӯъ вазни умумиашон 28 килою 700 граммро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, вобаста ба ин ҷинояти мазкур, ҳамчун  гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор шаҳрвандон: Қаландаров Бадриддин Валиевич соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Шаҳринав, пеш бо моддаи 200 КҶ ҶТ суд шудааст, Ҳафизов Сафаралӣ Маҷидович соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи Ҷ.Румӣ, пеш бо моддаи 200 КҶ ҶТ суд шудааст ва Нозимов Шоҳин Азизуллоевич соли таваллудаш 1984, сокини кӯчаи Назаршоеви пойтахт дастгир карда шуданд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.