Имзои Созишномаи таҳвили сӯзишворӣ ба Тоҷикистон дар Маскав

Date:


Дар шаҳри Маскав аз ҷониби вазири энергетикаи Русия Александр Новак ва вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ Созишнома дар бораи таҳвили маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бидуни пардохти боҷи содиротӣ ба имзо расид.

Бино ба иттилои намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммади Эгамзод, маросими баимзорасии созишнома дар вазорати иқтисоди Русия баргузор шудааст. Сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев бар ин назар аст, ки созишномаи мазкур барои ҳамкории минбаъдаи мутақобилан судманд заминаҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ фароҳам меоварад.

Мувофиқи лоиҳаи созишнома, Русия Тоҷикистонро бо маҳсулоти нафтии бидуни боҷи содиротӣ дар ҳаҷме таъмин хоҳад кард, ки барои истеъмоли дохили кишвар зарур аст. То 1 октябри ҳар сол ҷонибҳо тавозуни истеъмоли дохилии Тоҷикистонро ба ин маҳсулот мувофиқа месозанд. Аз сӯзишвории аз тавозун барзиёд таҳвилшуда боҷ ситонида мешавад.

Ҳамчунин маҳсулоти нафтии бидуни боҷи содиротӣ ба Тоҷикистон воридшудаи Русия набояд ба кишварҳои сеюм дубора содирот (реэкспорт) шавад. Манъи содироти дубора ба маҳсулоти нафтие низ дахл хоҳад дошт, ки аз кишварҳои дигари узви Иттиҳоди гумрукӣ ба Тоҷикистон ворид мегарданд.

Мувофиқи тавозуни индикативии тасдиқшуда, соли 2013 Русия ба Тоҷикистон бидуни пардохти боҷи содиротӣ 1 млн. тонна маводи сӯзишворӣ интиқол медиҳад, ки беш аз 50%-ашро бензин ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, зимни як нишасти матбуотӣ сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҶТ Ҳамдам Тағоймуродов изҳор намуд, ки ояндаи наздик нархи бензин дар ҷумҳурӣ устувор боқӣ монда, поинравии босуръати қимати онро пас аз имзои созишномаи нафтӣ бо Русия интизор набояд шуд, зеро он замон метавонанд сабабҳои дигар, аз ҷумла транзити маҳсулоти нафтӣ тавассути қаламрави Ӯзбекистон пайдо шаванд.

«Имрӯз ҳаҷми боҷи содиротӣ барои як тонна бензини ба ҳисоби миёна арзишаш 1 ҳазору 200 доллари ИМА-и Русия 30%-ро ташкил медиҳад ва мантиқан дуруст мебуд, агар нархи сӯзишвории аз ҷониби Русия воридшаванда низ ба ҳамин андоза поин равад ва ҳамин тавр ҳам мешавад, агар ба он омилҳои дигар халал нарасонанд», – гуфт ӯ.

Ҳамчунин вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор намуд, ки вазорат боло бурдани сатҳи андози аксизӣ аз маҳсулоти нафтӣ, машрубот ва тамокуро ба ҳукумат пешниҳод хоҳад кард.

Ба гуфтаи вай, феълан андози аксизӣ барои як тонна маҳсулоти нафтӣ 40 евроро ташкил медиҳад ва Вазорати молия ба ҳадди ниҳоӣ то 90 евро боло бурдани онро пешниҳод мекунад.

Дар шарҳи масъала С.Наҷмиддинов изҳор намуд, ки дар муқоиса бо кишварҳои дигар нишондиҳандаҳои андози аксизӣ дар Тоҷикистон хеле паст буда, дар қисмати даромади буҷет онҳо ҳамагӣ 2%-ро ташкил медиҳанд.

«Аммо ин кор алҳол ғайриимкон буда, бо назардошти воридоти маҳсулоти нафтӣ ба кишвар бо боҷи содиротии Русия, сӯзишворӣ дар дохили ҷумҳурӣ гарон аст. Мо қарор додем, ки ин масъаларо пас аз имзои созишномаи Тоҷикистону Русия дар бораи воридоти маҳсулоти нафтӣ бидуни боҷи содиротӣ мавриди ҳаллу фасл қарор диҳем», – иброз дошт вазири молияи кишвар.

Вазир ҳамчунин гуфт, ин пешниҳод ҳамчунин аз ҷониби вазорати рушди иқтисоду савдо, энергетикаву саноат ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ низ дастгирӣ шудааст.

Аммо вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Гул Шералӣ зимни нишасти хабарӣ дар ин робита зикр карда буд, ки мухолифи афзоиши андози аксизӣ аст. «Айни замон афзудани сатҳи андози аксизӣ мувофиқи мақсад нест, зеро он ба арзиши сӯзишворӣ дар дохили кишвар таъсир расонида, табиист, ки хароҷоти он ба дӯши истеъмолгарон вогузор мегардад. Аз ин рӯ, мо афзудани сатҳи андози аксиро тавсия намедиҳем ва дар ин бора ҳукуматро низ огоҳ намудем», – гуфта буд ӯ ба журналистон. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...