Дар доираи ИДМ гурӯҳи корӣ оид ба масоили коҳиши оқибатҳои бӯҳрони молиявӣ таъсис дода мешавад

            Душанбе. 10-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз президенти Қирғизистон Қурмонбек Боқиев изҳор доштааст, ки дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои мустақил (ИДМ) дар сатҳи вазирони молияи кишварҳо гурӯҳи корӣ оид ба масоили коҳиши оқибатҳои бӯҳрони молиявӣ таъсис дода мешавад.             Расонаи хабарии «Казинформ» иттилоъ медиҳад, ки ҷаласаи нахустини гурӯҳи корӣ дар муддати 10 рӯзи наздик дар […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 10-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз президенти Қирғизистон Қурмонбек Боқиев изҳор доштааст, ки дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои мустақил (ИДМ) дар сатҳи вазирони молияи кишварҳо гурӯҳи корӣ оид ба масоили коҳиши оқибатҳои бӯҳрони молиявӣ таъсис дода мешавад.





           

Расонаи хабарии «Казинформ» иттилоъ медиҳад, ки ҷаласаи нахустини гурӯҳи корӣ дар муддати 10 рӯзи наздик дар шаҳри Маскав баргузор мегардад.




           

Дар ҳамин ҳол, дар Бишкек ҷаласаи сарони кишварҳои узви ИДМ анҷом ёфт, ки дар он як қатор санадҳо, аз ҷумла нақшаи омодагӣ ба таҷлили ҷашни 65-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва қабули қарор дар бораи таъсиси медали ягонаи «65-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», созишномаи ҳамкорӣ дар бахши амнияти иттилоотӣ, муборизаи муштарак алайҳи қочоқи маводи мухаддир, воситаҳои прекурсорӣ ва прекурсорҳо ба имзо расида, масъалаи муҳоҷирати меҳнатии ғайриқонунӣ баррасӣ шуд. Ҳамчунин масъалаи таҳкими рақобатпазирии иқтисоди кишварҳо ва лоиҳаи рушди кишварҳои иттиҳод то соли 2020 мавриди муҳокима қарор гирифт.




           

Ёдрас мекунем, ки дар ҷаласа ба ҷуз сарварони кишварҳои Озарбойҷон ва Украина, дигар ҳамаи сарони кишварҳои узви Иттиҳод иштирок карданд. Аз ҷониби Озабойҷон дар ҷаласа сарвазири кишвар ва аз ҷониби Украина котиби Шӯрои амнияти ин давлат иштирок карданд. Рӯзномаи маҷлис аз 20 масоили гуногуни марбут ба ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногун иборат буд.




           

Айни замон дар Бишкек таҳти сарварии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба кор шурӯъ кард. Кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия ва Белорус узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё мебошанд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.