Субҳи имрӯз, соати 05:44 дақиқа дар минтақаи кӯли баландкӯҳи Сарез, воқеъ дар ВМКБ заминларза рух дод, ки аз рӯи ҷадвали Рихтер шиддатнокиаш 2,5 баллро ташкил дод.
Тавре аз хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, хисорот ва талафоти ҷонӣ бар асари заминларза ба қайд гирифта нашудааст.
«Мутахассисони мо хабар доданд, ки дар сарбанди кӯл ҳеҷ тағйироте ба мушоҳида нарасидааст», – гуфтанд дар Кумита.
Сарез кӯлест дар Помир, дар кӯҳсори Рӯшон, ки дар баландии 3250 метр аз сатҳи дарё воқеъ аст. Дарозои кӯли Сарез 62 км, паҳнояш 3,3 км, жарфояш то 500 метр аст. Ҳаҷми оби он 17 миллиард метри мукаъаб буда, вазнаш ба ҳисоби миёна ба 19 милён тонна баробар аст. Ба ғайр аз рӯди Мурғоб, ки аз дарёи Оқсӯи Афғонистон сарчашма мегирад, дар ин кӯл 17 рӯди хурд ва 16 рӯди кӯчаки мавсимӣ мерезанд. Оби изофӣ асосан аз рӯи садд ба поён ҷорӣ мешавад.
Ин кӯл соати 11-у 15 дақиқаи шаби 18 феврали соли 1911 бар асари як зилзилаи сахт ва афтодани кӯҳпора бар сари роҳи рӯди Мурғоб падид омада аст. Дар паи ин зилзила деҳаи Усой дар Бадахшони Тоҷикистон зери хоку санг монда, аз тамоми сокинонаш танҳо як пирмард ва ду писарбача зинда монданд ва 57 нафар дар зери кӯҳпора ҷони худро аз даст доданд. Тамоми ҳайвоноти хонагии онҳо низ талаф шуд. Ҷамъулҷамъ бар асари ин зилзила 105 тан ҷони хешро аз даст дод.
Соли 1967 дар соҳили рости Сарез қитъаи ковок, ки аз заминларза эҳтимоли кӯчиш дорад, ошкор карда шуд ва дар сурати ба вуқӯъ пайвастанаш қисми ҳудуди Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Туркманистон зери об хоҳанд монд.
Соли 2000 –ум чор давлати манфиатдор-Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҷиҳати дастгирии зеҳнӣ ва молиявии ҳалли масоили кӯли Сарез ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат намуда буданд. Ҳамчунин худи ҳамон сол таҳти роҳбарии Бонки умумиҷаҳонӣ лоиҳаи байналхалқии «Кӯли Сарез: нақшаи коҳиши хатари он» таҳия гардид.





