Посухи ВКХ Русия ба ёддошти ВКХ Тоҷикистон

Вазорати корҳои хориҷии Русия ба ёддошти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба изҳороти раиси Ҳизби-либерал-демократии Русия Владимир Жириновский посух гуфт. Бино ба маълумоти сомонаи расмии ВКХ Тоҷикистон, дар посухи ҷониби Русия зикр мегардад, ки «изҳороти муовини раиси Думаи давлатии Маҷлиси федералии ФР, роҳбари Ҳизби либерал-демократии Русия В.Жириновский дар барномаи «Поединок»-и шабакаи «Россия» дар доираи […]


Вазорати корҳои хориҷии Русия ба ёддошти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба изҳороти раиси Ҳизби-либерал-демократии Русия Владимир Жириновский посух гуфт.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии ВКХ Тоҷикистон, дар посухи ҷониби Русия зикр мегардад, ки «изҳороти муовини раиси Думаи давлатии Маҷлиси федералии ФР, роҳбари Ҳизби либерал-демократии Русия В.Жириновский дар барномаи «Поединок»-и шабакаи «Россия» дар доираи барномаи телевизионии ток-шоу ва дар шакли эҳсосии ба ин сиёсатмадор хос баён гардидаааст».

Ҳамчунин дар посух таъкид мегардад, ки «изҳороти мазкур ба мавқеъи расмии Русия ҳеҷ умумияте надошта, Русия Тоҷикистонро ба сифати шарики стратегӣ арзёбӣ мекунад ва ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар тамоми соҳаҳо кӯшиш ба харҷ медиҳад».

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 23-юми апрели соли равон Сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Ю. Попов ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон даъват карда шуда, ба ӯ

ёддошти эътирозии ҷониби Тоҷикистон

супурда шуд.

Дар изҳорот зикр гардида буд, ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз  тайи чанд ҳафтаи охир аз ҷониби ВАО-и Русия роҳандозӣ шудани маъракаи ҳадафноки иттилоотӣ, ки ба паст задани обрӯву манзалати Тоҷикистон равона шудааст, нигарон аст.

Дар ВКХ ҶТ ба он таваҷҷуҳ зоҳир сохтанд, ки бо вуҷуди он, ки дар Русия зиёда аз 13 млн. муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои гуногун фаъолият доранд, иштироккунандагони ин барнома муғризона бештар таваҷҷӯҳи худро ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик равона карда буданд.

«Бо назардошти гуфтаҳои боло, чунин ба назар мерасад, ки маъракаи густурдаи иттилоотии бар муқобили Тоҷикистон эълоншуда, ҳадафҳои сиёсии дигар дорад», – баён гардида буд дар ёддошт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.