Мушкилоти партовгоҳҳои урандор дар Тоҷикистон

Таҳти унвони «Натиҷагирӣ аз рафти иҷрои созишномаҳо ва лоиҳаҳо оид ба безараргардонии партовгоҳҳои урандор дар корхонаи давлатии «Востокредмет» ҷаласаи навбатии Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии оҷикистон баргузор гардид, ки дар он аъзои Комиссияи экологии МН ва мутахассисону масъулони вазорату идораҳои дахлдор ширкат доштанд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, ҷаласаро раиси […]


Таҳти унвони «Натиҷагирӣ аз рафти иҷрои созишномаҳо ва лоиҳаҳо оид ба безараргардонии партовгоҳҳои урандор дар корхонаи давлатии «Востокредмет» ҷаласаи навбатии Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии оҷикистон баргузор гардид, ки дар он аъзои Комиссияи экологии МН ва мутахассисону масъулони вазорату идораҳои дахлдор ширкат доштанд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, ҷаласаро раиси Комиссияи экологии МН Маҳмадшариф Ҳақдодов ифтитоҳ намуда, масъалаи идоракунии бехатарии партовҳои истеҳсоли уран барои Тоҷикистонро муҳим арзёбӣ кард.

Бинобар гуфтаи Маҳмадшариф Ҳақдодов, масъалаи партовгоҳҳои урандор барои Тоҷикистон танҳо характери миллӣ надорад, агар он саривақт ва самаранок ҳал карда нашавад, метавонад характери минтакавӣ пайдо кунад ва сабабгори пайдоиши офати миқёси минтақавӣ гардад, ки барои ҳалли он вақти зиёд ва маблағхои калони молиявӣ зарур мешаванд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити кунунӣ имкониятҳои молиявӣ ва техникии заруриро барои таъмини нигоҳдорӣ, азнавсозии партовгоҳҳо ва офияти ҳудудҳои заҳролудшударо надорад. Барои ҳамин ҳам ҷиҳати ҳалли масъалаи партовгоҳҳои урандор ҳукумати Тоҷикистон якҷоя бо кишварҳои ҳамсоя, Барномаи Рушди СММ, МАГАТЭ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ ҷиҳати ҷалби ташкилотҳои кӯмакрасон пайваста талош менамояд.

Раиси Комиссияи экологии палатаи поёнии парлумон  дар идомаи суханронии худ илова намуд, ки барои муккамал намудани қонунгузорӣ дар ин соҳа ҳоло дар баррасии МНМО ҶТ лоиҳаи қонун «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ», ки аз ҷониби ҳукумат пешниҳод гардидааст, қарор дорад.

Сипас, филми мустанад аз макони партовгоҳҳои урандор воқеъ дар минтақаҳои гуногуни вилояти Суғд ва оқибатҳои манфии он намоиш дода шуд.

Роҷеъ ба масъалаи рӯзномаи ҷаласа ҳамчунин муовини директори Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳо Абдуҷаббор Саломов ва сардори раёсати Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон Қосимбек Олимбеков суханронӣ намуда, вобаста ба корҳои дар ин самт анҷомдодашуда маълумоти муфассал доданд.

Байни аъзои Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон ва масъулони Академияи илмҳо ва Вазорати энергетика ва саноат роҷеъ ба масъалаи баррасишаванда саволу посухҳои судманд сурат гирифтанд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.