Суди шаҳри Қӯрғонтеппа собиқ сардори Шуъбаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир (ОБНОН)-и шаҳри Қӯрғонтеппа Шодибек Султоновро ба 16 соли зиндон маҳкум намуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз суди шаҳри Қӯрғонтеппа хабар дод, суд таҳти раёсати судя Дурандеш Иброҳимов маҳкумшударо дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 316, қ. 4 ((Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ) ва 250, қ. 4 (Тамаъҷӯӣ) гунаҳкор эътироф кардааст.
Адвокати ҷониби ҷабрдида Акбар Ҳасанов зикр кард, ки дар маҷмӯъ ӯ бо ҳукми суд мувофиқ буда, нияти аз болои он шикоят бурданро надорад.
Дар навбати худ, аз ҳукми суд адвокати маҳкумшуда Барот Беков розӣ нест. Дар суҳбати телефонӣ ӯ изҳор намуд, ки ӯ ва зерҳимояаш ба ҳукм розӣ нестанд ва пас аз дастрас шудан нусхаи ҳукм, аз болои он шикоят хоҳанд бурд.
Шодибек Султонов моҳи ноябри соли гузашта аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Хатлон боздошт шуда буд.
Нахуст ӯ дар баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва ғоратгарӣ айбдор дониста мешуд, амммо баъдтар суд моддаи «ғоратгарӣ»-ро ба «тамаъҷӯӣ» иваз намуд.
Дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ муайян карда шудааст, ки ӯ ҳамроҳи ду нафар кормандони дигари милиса ва як шаҳрванди қаторӣ се нафар муҳоҷирони кории ба ватан баргаштаро боздошт намуда, онҳоро ба дуздӣ айбдор ва барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб накардан аз онҳо 350 ҳазор евро тамаъҷӯӣ кардаанд.
Се нафари ҳамроҳи Султонов фирор намуда, мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд ва тафтишот нисбати ин далел давом дорад.





