Вохӯриҳои Омбудсмени Тоҷикистон дар Санкт-Петербург

Зариф Ализода – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даъвати ҳамтои худ – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар шаҳри Санкт-Петербурги  Федератсияи Россия А.В. Шишлов ва бо мусоидати Намояндагии созмони байналмилалии муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 23-26 апрели соли 2013 сафари корӣ анҷом дод. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба […]


Зариф Ализода – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даъвати ҳамтои худ – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар шаҳри Санкт-Петербурги  Федератсияи Россия А.В. Шишлов ва бо мусоидати Намояндагии созмони байналмилалии муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 23-26 апрели соли 2013 сафари корӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҶТ, ҳангоми сафар З.Ализода бо ҳамтои худ Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид, ки мақсади асосии он ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин минтақаи Федератсияи Россия мебошад. Бояд қайд кард, ки ин аввалин чунин Созишнома набуда, қаблан чунин Созишномаҳо бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Федератсияи Россия ҷаноби Лукин В.П. ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони вилояти Свердловски Федератсияи Россия ба имзо расида буданд.

Бо мақсади мусоидат ба ҳалли проблемаҳои муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон З.Ализода инчунин бо як қатор роҳбарони мақомоти давлатии ин минтақа вохӯриҳо анҷом дод. Аз ҷумла, бо роҳбарияти Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷират дар минтақа, роҳбарияти Сарраёсати Федералӣ оид ба иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград, Раиси Кумита оид ба кор ва шуғли аҳолии Ҳукумати шаҳри Санкт-Петербург вохӯриҳо анҷом дода, аз Маркази ягонаи муҳоҷирати ин шаҳр боздид анҷом дод.

Дар рафти сафар З.Ализода ҳамчунин бо Консулии фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург, намояндаи Хадамоти муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар ин минтақа ва муҳоҷирони меҳнатии дар Маркази ягонаи муҳоҷирати шаҳри Санкт-Петербург вохӯриҳо анҷом дода, оид ба ҳалли проблемаҳои мавҷудаи муҳоҷирони меҳнатӣ муҳокимаҳо сурат гирифт.

Сафари кории З.Ализода барои ҳамкориҳои намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷамъиятҳои тоҷикон, ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи онҳо бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ин минтақа ва дигар мақомоти давлатии он барои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ заминаи муҳим фароҳам овард.

Ба роҳ мондани чунин ҳамкориҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар Ваколатдорон оид ба ҳуқуқи инсони минтақаҳои Федератсияи Россия идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.