Ҳукумат ба Бозор Собир хона туҳфа кард

Пас аз бозгашт аз ИМА ҳукумати кишвар ба шоири саршиноси тоҷик Бозор Собир дар маҳаллаи Қарияи Болои пойтахт як манзили зист туҳфа кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» дӯсти шоир Низом Қосим дар ин робита хабар дод, ҳангоми даъвати шоир ба ватан ҳукуматдорон ба ӯ ваъда дода буданд, ки ӯро бо манзил, нафақа ва дигар имтиёзҳо […]

ASIA-Plus


Пас аз бозгашт аз ИМА ҳукумати кишвар ба шоири саршиноси тоҷик Бозор Собир дар маҳаллаи Қарияи Болои пойтахт як манзили зист туҳфа кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» дӯсти шоир Низом Қосим дар ин робита хабар дод, ҳангоми даъвати шоир ба ватан ҳукуматдорон ба ӯ ваъда дода буданд, ки ӯро бо манзил, нафақа ва дигар имтиёзҳо таъмин хоҳанд кард.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 30-юми май пас аз мулоқот бо сарвари давлат Бозор Собир аз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳи хоссааш ба ӯ изҳори миннатдорӣ намуд.

«Мо бо президент суҳбати гуворову самимӣ ва дӯстона оростем. Ман аз ӯ миннатпазирам, ки маро дар Амрикои дур дарёфта, ба ватан даъват кард. Барои миннатпазир будани ман, ҳамин гуна таваҷҷуҳи хосса аз ҷониби сарвари давлат кофист», – иброз дошт шоир.

Бозор Собир зикр кард, ки тӯли солҳои гуногун ба Тоҷикистон омада, он замон ҳеҷ касе ба сафари ӯ монеъа эҷод накарда буд.

Сафари индафъаинаро Бозор Собир ғайриоддӣ мешуморад, «зеро ба сифати муҳоҷири тоҷик бо даъвати расмии президенти кишвар омадааст».

Шоир ҳамчунин изҳор намуд, ки қаблан низ аз ҷониби ҳукумати кишвар барои бозгашт даъват шудааст. «Ман аз ҷониби собиқ вазири корҳои хориҷӣ Талбак Назаров ба ватан даъват шуда, вале он замон барои бозгашти ман шароит он қадр созгор ва барвақт ҳам буд», – зикр кард ӯ.

Ба қавли шоир, он замон онҳо ҷиҳати фаро расидани шароити бештар мусоид ба мувофиқа расида, сипас дар суҳбатҳои телефонӣ низ ҳукуматдорон ӯро ба ватан даъват кардаанд. «Имрӯз он шароити созгор фаро расид ва ман бо хушнудӣ даъвати президентро пазируфтам», – афзуд Бозор Собир.

Шоири саршиноси тоҷик, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ дар бахши адабиёт Бозор Собир

рӯзи 27-уми май

аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба ватан баргашт. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.