Гуфтушунидҳои Эмомалӣ Раҳмон дар Туркманистон

Дар шаҳраки Гарлики Туркманистон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон се мулоқоти судманд анҷом дод. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот намуда, дар вохӯрӣ маҷмӯи васеи масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд. Ҳарду ҷониб таъкид бар он доштанд, ки минбаъд низ […]

ASIA-Plus


Дар шаҳраки Гарлики Туркманистон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон се мулоқоти судманд анҷом дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот намуда, дар вохӯрӣ маҷмӯи васеи масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд. Ҳарду ҷониб таъкид бар он доштанд, ки минбаъд низ ҳамгироии судбахши худро ба нафъи мардумони ду кишвар ва кулли минтақа густариш мебахшанд.

Дар мулоқот бо президенти Афғонистон Ҳомид Карзай доир ба масоили ҳамкории дуҷониба ва минтақавию байналмилалии Тоҷикистону Афғонистон гуфтугӯй сурат гирифт. Таваҷҷуҳи зиёд ба роҳҳои ҳалли масоили вобаста ба сохтмони роҳи оҳани  Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, татбиқи дигар лоиҳаҳои минтақавӣ, аз қабили хатти барқии CASA-1000 ва густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ зоҳир гардид.

Табодули андеша, ҳамчунин доир ба таҳкими ҳамгироии сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ду кишвар, аз ҷумла барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади миёни ду кишвар ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддиру аслиҳаи оташфишон доир гардид.

Дар шаҳраки Гарлик, ҳамчунин мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Туркманистон Эмомалӣ Раҳмон, Ҳомид Карзай ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории минтақавию ҷаҳонии се кишвари дӯсту ҳамсоя, аз ҷумла дар ҷараёни сохтмон ва ба баҳрабардорӣ расондани роҳи оҳани  Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон баррасӣ шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.