Зайд Саидов ба муоинаи табиб ниёз дорад

Вазъи солимии тоҷир Зайд Саидов дар тавқифгоҳи муваққатии КДАМ бад шуда, ӯ ба муоинаи таъҷилии табиб ниёз дорад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Шӯҳрат Қудратов, яке аз адвокатҳои Зайд Саидов иттилоъ дод, имрӯз ҳангоми аз ҷониби писараш ба ӯ додани лавозимоти заруриву ғизо, дар хатчае ба наздикон З.Саидов навиштааст, ки рӯз то рӯз вазъи солимиаш бад […]

ASIA-Plus


Вазъи солимии тоҷир Зайд Саидов дар тавқифгоҳи муваққатии КДАМ бад шуда, ӯ ба муоинаи таъҷилии табиб ниёз дорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Шӯҳрат Қудратов, яке аз адвокатҳои Зайд Саидов иттилоъ дод, имрӯз ҳангоми аз ҷониби писараш ба ӯ додани лавозимоти заруриву ғизо, дар хатчае ба наздикон З.Саидов навиштааст, ки рӯз то рӯз вазъи солимиаш бад шуда, таъҷилан ба муоинаи табиб эҳтиёҷманд аст.

Ба қавли адвокат, дар тавқифгоҳи КДАМ фаъолияти табиб пешбинӣ нагардида, танҳо ёвари табиб (фелдшер) кор мекунад, ки муоинаи мукаммали зерҳимояаш аз ҷониби ӯ ба гумон аст.

«Муфаттиш имрӯз ба ман дидор бо зерҳимояамро ваъда дод ва мо муоинаи З.Саидов аз ҷониби табиби касбиро тақозо хоҳем намуд, зеро аз замони боздошту ҳабс ӯ муоинаи духтурро талаб дорад, вале муфаттиш ба он иҷозат намедиҳад. Ӯ дар озодӣ ҳам аз дарди захми меъда шикоят мекарду мудом таҳти назорати табибон қарор дошт ва акнун бидуни муоинаи дахлдору табобат вазъи ӯ хеле бад шуд», – иттилоъ дод Қудратов.

Адвокат қаблан хабар дода буд, ки амволи тоҷири шинохта Зайд Саидов ва хешовандони наздики ӯ

ҳабс карда шудааст.

Айни замон панҷ автомашинаи тамғаҳои Tоyota RAV4, Mercedes, Audi ва ду Nissan-и Зайд Саидов ва писарони ӯ ва ҳамчунин манзилҳои онҳо таҳти ҳабс қарор доранд.

Роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов рӯзи 19-уми май дарҳол пас аз бозгашт аз Аврупо дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шуда, ба Агентии зиддифасод мунтақил гардид. Дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи пойтахт дахолатнопазирии З.Саидов бекор шуд. Дар манзил ва дафтари кории З.Саидов кофтуков гузаронида шуд.

Санаи 22-юми майи соли равон суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт ба ҳабси тоҷир иҷозат дод. Рӯзи 24-уми май роҳбари Гурӯҳи ташаббускори ҳизби «Тоҷикистони нав», тоҷири маъруф Зайд Саидов аз бинои Агентии зиддифасод, ки аз замони боздошт дар он қарор дошт, ба тавқифгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ гузаронида шуд. Суди шаҳри Душанбе қарори суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт дар мавриди чораи пешгирӣ нисбати Зайд Саидов дар шакли дар ҳабс нигоҳ доштанро бетағйир боқӣ гузошт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.