АНМН: Мусодираи як миқдор мухаддироти синтетикӣ

Дар ҷараёни амалиёти навбатии кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар шаҳри Душанбе, як миқдор маводи мухаддири синтетикии «экстази» дарёфт ва мусодира гардид. Тавре аз маркази робита бо ҷомеаи Агентӣ хабар доданд, ба гумони истеъмоли маводи мухаддир як автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» таҳти идораи сокини 30-солаи пойтахт бозошт мешавад, ки сокини 31-солаи шаҳри Душанбе […]

Аваз Юлдошев


Дар ҷараёни амалиёти навбатии кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар шаҳри Душанбе, як миқдор маводи мухаддири синтетикии «экстази» дарёфт ва мусодира гардид.

Тавре аз маркази робита бо ҷомеаи Агентӣ хабар доданд, ба гумони истеъмоли маводи мухаддир як автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» таҳти идораи сокини 30-солаи пойтахт бозошт мешавад, ки сокини 31-солаи шаҳри Душанбе низ ҳамроҳаш будааст.

«Зимни ташхиси онҳо дар Маркази ҷумҳуриявии клиникии табобати нашъамандӣ маълум шуд, ки ҳарду боздоштшуда таҳти таъсири маводи мухаддири синтетикии «Амфитамин» қарор дошта, аз дохили автомашина низ ҳабҳои рангашон сафед ва зарди дорои маводи нашъаовари – «экстази» дарёфт гардиданд», – гуфтанд дар Агентӣ.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни тафтиш ошкор шудааст, ки маводи мухаддири синтетикиро онҳо барои истеъмоли шахсӣ дастрас кардаанд. Боздоштшудагон дар тавқифгоҳи муваққатии Агентӣ нигаҳдорӣ шуда, тафтиш идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.