Чкаловск: Оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати собиқ сардори КВД «Востокредмет»

Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд нисбат ба собиқ директори КВД «Востокредмет»-и шаҳри Чкаловск А.Т.-и 55-сола мутобиқи моддаҳои 245, қ. 2, . «г» (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ бо истифодаи ваколати мансабдорӣ), 32, қ. 3 (Тайёрӣ ба ҷиноят, суисқасди ҷиноят) ва 320, қ. 2 (Додани пора ба шахси мансабдор барои аз ҷониби […]

Мавлуда Рафиева



Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд нисбат ба собиқ директори КВД «Востокредмет»-и шаҳри Чкаловск А.Т.-и 55-сола мутобиқи моддаҳои 245, қ. 2, . «г» (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ бо истифодаи ваколати мансабдорӣ), 32, қ. 3 (Тайёрӣ ба ҷиноят, суисқасди ҷиноят) ва 320, қ. 2 (Додани пора ба шахси мансабдор барои аз ҷониби ӯ дидаю дониста анҷом додани ҳаракати (беҳаракатии) ғайриқонунӣ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Тавре як манбаъ аз Раёсати мазкур иттилоъ дод собиқ директор ҳангоми фаъолият дар ин мансаб аз моҳи майи соли 2008 то моҳи июли соли 2012, тобистони соли 2011 бо истифода аз ваколатҳо як миқдор маблағҳои корхонаро азхуд мекунад. Санаи 21-уми феврали соли равон зимни додани пора дар ҳаҷми 3 ҳазор доллари ИМА ба корманди Агентиии зиддифасод барои рӯйпӯш кардани ҷиноятҳояш дастгир шуд.

Ба иттилои манбаъ, ба боварии ду сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даромада, ӯ анбори кислотаи корхонаро хароб намуда ба он ворид мешавад ва ба маблаги 13 ҳазор сомонӣ оҳанпораро мефурӯшад. Нархи бозории он ба 23 ҳазору 715 сомонӣ баробар буд. Бо ин амалҳои худ ӯ ба корхона ба маблағи 25 ҳазору 600 сомонӣ зарар расонид. Тафтиш аз рӯи парвандаи мазкур идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.