Ҳизби демократии Тоҷикистон то ба имрӯз номзадаш ба маъракаи интихоботи президентии тирамоҳи соли равонро муайян накардааст.
Раиси ҲДТ Саидҷаъфар Исмонов дар суҳбат бо хабарнигор ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон ҳизби таҳти раҳбарии ӯ қарордошта воситаҳои гуногуни иштирок дар маъракаи интихоботи президентиро мавриди баррасӣ қарор дорад.
«Қарори дастгири ин ё он номзад дар интихоботро анҷумани ҳизб қабул мекунад, ки пас аз эълони санаи баргузории маъракаи интихоботи сарвари давлат баргузор мешавад», – таъкид кард Исмонов.
Ба қавли раиси ҲДТ, ояндаи наздик анҷумани бахшҳои ҳизб дар вилоятҳои Хатлону ВМКБ даъват гардида, дар он масоили дохилиҳизбие, ки баъди баргузории анҷумани фавқулодаи ҳизб дар моҳи декабри соли гузашта рӯйи кор омада ва ба мақомоти раҳбарии ҳизб шахсони дигар таъин шуданд,, баррасӣ хоҳанд шуд.



