Журналист Маҳмадюсуф Исмоилов дар содир намудани ҷинояти навбатӣ – қаллобӣ гумонбар шудааст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» вакили мудофеи журналист Фазлиддин Худойбердиев иттилоъ дод.
3-юми июл вакили мудофеъ дар тавқифгоҳи тафтишотии № 2- и шаҳри Хуҷанд бо Исмоилов вохӯрд. Гумонбаршуда 29 июн ба тавқифгоҳи тафтишотии мазкур интиқол ёфтааст.
Ба гуфтаи Худойбердиев, ӯ дар рӯбарӯкунии ҷабрдида ва гумонбаршуда ҳузур дошт ва дар рафти он журналист рад кардааст, ки аз шаҳрванд Санавбар Аҳадова маблаг ситондааст. Ба гуфтаи Исмоилов, ӯ танҳо аз Аҳадова қарз пурсидааст.
«Айни замон Маҳмадюсуф Исмоилов боз дар анҷом додани як ҷиноят – тақаллубкорӣ гумонбар шудааст. Ба гуфтаи мақомти тафтишотӣ, журналист аз истиқоматкунандаи ноҳияи Ашт 500 сомонӣ барои омода намудани маводи журналистии тадқиқотӣ гирифта, онро таҳия накардааст. Ҳоло Исмоилов аз рӯйи моддаи 247 қисми 2 КҶ (тақаллубкорӣ) расман гунаҳгор дониста нашудааст. Гумонбаршуда низ ин айбро ба гардан нагирифтааст», – гуфт вакили мудофеъ.
Вакил аз рӯйи қарори суд оиди ба ҳабс гирифта шудани
гумонбар
аризаи норизоӣ додааст. «Ман аз рӯйи қарори суд аризаи норизоӣ додам, чунки зерҳимояи ман соҳиби ду фарзанди хурдсол буда, хоҳари маъюбаш ҳам дар зери парастории ӯст. Ба ҷуз ин, Исмоилов як писари ноболиғ аз никоҳи қаблӣ дорад. Ин аризаи норизоӣ ба суди вилоятӣ ирсол шудааст», – қайд кард вакили мудофеъ.


