Зойиров: Кормандони прокуратураро ба ҳақ буданам муътақид сохтам

Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров муддати тамоми рӯзи гузашта дар Прокуратураи генералӣ қарор дошт, то ки ба саволҳои таҳияшуда аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ посух бигӯяд. Р.Зойиров дар ин робита ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки ӯ бо сардори Раёсати назорат аз болои мақомоти амнияти давлатии Прокуратураи генералӣ Ҷамшед Сангов, сардори Раёсати […]

ASIA-Plus


Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров муддати тамоми рӯзи гузашта дар Прокуратураи генералӣ қарор дошт, то ки ба саволҳои таҳияшуда аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ посух бигӯяд.

Р.Зойиров дар ин робита ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки ӯ бо сардори Раёсати назорат аз болои мақомоти амнияти давлатии Прокуратураи генералӣ Ҷамшед Сангов, сардори Раёсати тафтишоти ҷиноятҳои махсусан муҳим ва муовини ӯ суҳбат доштааст.

Ба қавли ӯ, аслан онҳо ба се мавзӯъ – гунаҳкории КДАМ ба як қадар ғаразнокӣ ва ноуҳдабароии касбӣ аз ҷониби ман, изҳороти ман нисбати роҳбари ҷамоати ӯзбекон Шамсиддинов ва рӯйдодҳои Хоруғ таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд.

«Лозим омад, ки ҳамаро дубора муътақид созам. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки ман онҳоро комилан дар ҳақ буданам мутмаин сохтам. Ба ман гуфтанд, ки агар саволҳои дигар пайдо шаванд, метавонанд боз даъватам кунанд», – иброз дошт Зойиров.

Ёдрас мекунем, ки Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров дархост намуд, ки ба як қатор саволҳо оид ба изҳороташ дар робита ба солгарди рӯйдодҳои соли гузаштаи Хоруғ посух гӯяд.

Дар арафаи солгарди рӯйдодҳои тобистони соли гузаштаи Хоруғ, рӯзи 23-юми июли соли ҷорӣ Раҳматилло Зойиров ба унвони президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳороте пахш карда, аз сарвари давлат даъват намуд, ки рӯйдодҳои тобистони соли гузаштаи Хоруғ аксияи террори давлатӣ эътироф гардида, гунаҳкорон муҷозот ва санаи 24-уми июл Рӯзи ёдбуди ҳамаи ҷабрдидагон аз таъқиб ва амалҳои зӯроварии ғайриқонунӣ эълон карда шавад.

Ҳамчунин қобили зикр аст, ки Раҳматилло Зойиров алҳол ягона шахсест, ки ба пешбарии номзадиаш ба интихоботи қарибулвуқӯъи президентӣ дар Тоҷикистон омодагӣ изҳор кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.