Супоришҳои Оқилов оид ба ҷараёни сохтмони МБГ Душанбе-2

Таҳти раёсати нахуствазири ҷумҳурӣ Оқилов Оқилов оид ба баррасии масъалаи ҷараёни сохтмони Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и Душанбе-2 бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор машварати корӣ доир гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, нахуствазир таваҷчуҳи ҳозиринро ба масъалаи суръатбахшӣ ба корҳои сохтмони иншшоти мазкур ҷалб намуда, таъкид дошт, […]

Аваз Юлдошев


Таҳти раёсати нахуствазири ҷумҳурӣ Оқилов Оқилов оид ба баррасии масъалаи ҷараёни сохтмони Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и Душанбе-2 бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор машварати корӣ доир гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, нахуствазир таваҷчуҳи ҳозиринро ба масъалаи суръатбахшӣ ба корҳои сохтмони иншшоти мазкур ҷалб намуда, таъкид дошт, ки мувофиқи нақша, навбати аввали он бо иқтидори 50 МВтт тирамоҳи соли равон ба истифода дода мешавад.

«Дар ин робита нахуствазир ба сохторҳои дахлдор супориш дод, ки барои бо гармиву оби гарми маркази нав таъмин намудани пойтахт, ҷиҳати сохтмони беш аз 3 километр хатҳои интиқолӣ гармӣ, таъмири хатҳои мавҷуда ва таъмиру барқарор кардани фаъолияти дегхонаҳои ғарбиву шарқии шаҳри Душанбе тадбирҳои зарурӣ андешанд», – гуфт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки сохтмони Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 аз ҳисоби қарзи бонкҳои чинии «Эксимбонк» ва Бонки рушди Чин маблағгузорӣ мешавад. Ҳаҷми маблағгузорӣ ба МБГ Душанбе-2 бо иқтидори 200 Мвт 30 млн. доллари ИМА арзёбӣ мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.