Дар Тоҷикистон гурӯҳи корӣ оид ба мониторинги муассисаҳои пӯшида ба фаъолият оғоз накардааст

Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон рӯзи сешанбе, 6-уми август бо нашри як баёния изҳор доштааст, ки то ҳанӯз гурӯҳи корӣ оид ба мониторинги муассисаҳои маҳрумият аз озодӣ ба фаъолият шурӯъ накардааст. Бино ба иттилои торнамои расмии Эътилоф , дар моҳи декабри соли 2012 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиси гурӯҳи […]

Азия-Плюс


Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон рӯзи сешанбе, 6-уми август бо нашри як баёния изҳор доштааст, ки то ҳанӯз гурӯҳи корӣ оид ба мониторинги муассисаҳои маҳрумият аз озодӣ ба фаъолият шурӯъ накардааст.

Бино ба иттилои

торнамои расмии Эътилоф

, дар моҳи декабри соли 2012 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиси гурӯҳи корӣ оид ба мониторинги муассисаҳои маҳрумият аз озодиро пешниҳод кард. Гурӯҳи мониторингӣ мутобиқи Протоколи факултативии Конвенсияи зидди шиканҷа барои роҳандозии Механизми пешгирикунандаи миллӣ асос шуда метавонад, ки назорати доимии муассисаҳои маҳрумият аз озодиро бо мақсади пешгирии шиканҷа ва дигар шаклҳои муносибати бераҳмона дар назар дорад.

Гуфта мешавад, ки аз моҳи феврал то майи соли 2013 Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ ро

ҷ


еъ ба шартҳои воридшавии аъзои худ ба гурӯҳи мониторингӣ гуфтушунидҳо гузаронидааст.

«Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа чунин мавқеъ дорад, ки фаъолияти гурӯҳи мониторингӣ бояд пурра ба Принсипҳои Порисӣ ва талаботи Протоколи факултативӣ мутобиқат кунад, аз ҷумла, мустақилӣ, холисӣ, ворид кардани коршиносони мустақил ба гурӯҳ. Дар робита ба ин Эътилоф пешниҳод кардааст, ки ба гурӯҳи мониторингӣ набояд кормандони мақомоти ҳокимияти давлатие, ки фаъолияташон мавриди санҷишу омӯзиш қарор мегирад (намояндагони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ, Вазорати корҳои дохилӣ ва ғ.), шомил гарданд. Ҳамчунин зарур аст, ки фаъолияти гурӯҳи корӣ оид ба мониторинги муассисаҳои маҳрумият аз озодӣ тавассути Низомномаи ҷудогона, ки дар он ҳаҷми ваколатҳои аъзои гурӯҳи мониторингӣ ба таври дақиқ муайян гардидааст, танзим карда шавад», – омадааст дар баёния.

Айни замон гурӯҳи кории ибтидоӣ созмон дода шуда, ҳамчунин Низомнома оид ба фаъолияти гурӯҳи мониторингӣ таҳия мешавад. Ба гурӯҳи корӣ намояндагони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ, парлумон, судяҳо, олимон, мутахассисони ҷудогона ва кормандони ташкилотҳои ҷамъиятӣ шомил хоҳанд шуд. Аз созмонҳои аъзои Эътилоф дар фаъолияти гурӯҳи мониторингӣ 3-4 нафар иштирок мекунанд.

«Бояд гуфт, ки гурӯҳи корӣ ҳанӯз ба фаъолият шурӯъ накардааст. Мо умедворем, ки нахустин мониторингҳо дар авоили тирамоҳи соли 2013 гузаронида мешаванд», – изҳор доштааст Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон.


Маълумот:

Протоколи факултативии Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳкиркунандаи шаъну шараф санади байнулмилалие мебошад, ки таъсис додани механизми назорати доимии муассисаҳои маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад. Тоҷикистон ҳанӯз узви Протоколи факултативӣ нест, аммо айни замон Ҳукумати ҶТ имкони тасвиби санади мазкурро омӯхта истодааст.

Присипҳои Порисӣ ба вазъи муассисаҳои миллие, ки машғули ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқи инсон ҳастанд, дахл дошта, тавассути Қатъномаи 48/134 аз 20-уми декабри соли 1993 пазируфта шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.