Фарогирии беш аз 3 ҳазор нафар кӯдакон дар аксияи «Роҳ ба сӯи мактаб»-и ҲХДТ

Date:


Дар доираи аксияи ҷумҳуриявии хайрияи «Роҳ ба сӯи мактаб», ки аз ҷониби Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аз 12-уми август то 1-уми сентябр роҳандозӣ шуд, дар саросари ҷумҳурӣ ҳудуди 3 ҳазор нафар кӯдакони ятим, дорои имконитяит маҳдуд ва кӯдакон аз оилаҳои камбизоат бо сарулибос, китобҳои дарсӣ ва дигар лавозимоти мактабӣ таъмин гардиданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, дар ин самт кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз худ ташаббус зоҳир намуда, аксияи мазкур аз ҷониби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамовозии зиёд пайдо намуд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 220 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related