Чанде қабл зимни мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Давлаталӣ Саидов бо директори Пажуҳишгоҳи Ҷопон оид ба тадқиқоти иқтисодии Руссия ва ИДМ ҷаноби Окада Кунио доираи васеи масъалаҳо доир ба муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Ҷопон ва ҳамкориҳои дуҷонибаи тарафайн дар соҳаи сармоягузорӣ баррасӣ шуданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи мазкур, раиси Кумита ба меҳмони ҷопонӣ дар бораи сайъу кӯшишҳои ҳукумат ҷиҳати беҳтаргардонии фазои сармоягузории кишвар, самтҳои асосии фаъолияти Кумита, фазо ва иқтидорҳои сармоягузории ҷумҳурӣ, аз он ҷумла дар соҳаҳои гидроэнергетика, туризм ва истифодаи қаръи замин, ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ маълумоти муфассал пешиҳод намуд.
Окада Кунио аз ташрифи нахустини худ ба Тоҷикистон изҳори хушнудӣ карда, дар бораи пажуҳишгоҳ ва мақомоти болоии он Ассотсиатсияи Ҷопонӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ бо Руссия ва ИДМ маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Директори Пажуҳишгоҳ ҳавасмандии мардуми Ҷопон ва сармоягузорони ин кишварро ҷиҳати омӯхтани Тоҷикистон, ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии миёни давлатҳо, фазо ва имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон изҳор кард.
Давлаталӣ Саидов доир ба фаъолияти ширкатҳои ҷопонӣ дар Тоҷикистон, самтҳои эҳтимолии фаъолият ва лоиҳаҳое, ки ширкатҳои ин кишвар метавонад дар он иштирок кунанд, маълумоти ҳамаҷониба пешниҳод намуда, барои истифодаи минбаъда дар фаъолияти худ ба Окада Кунио бастаи маводҳои таблиғотӣ вобаста ба қонунгузориии ҷории танзимкунандаи фаъолияти сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, тавсифномаи кўтоҳи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, имконият ва иқтидорҳои сармоягузорӣ ва дигар маълумоти зарурӣ тақдим намуд.
Дар натиҷаи вохӯрӣ аз ҷониби тарафҳо омодагӣ баҳри вусъат бахшидани истифодабарии имкониятҳои зиёди ҳамкориҳои дуҷониба изҳор гардида, Окада Кунио аз Раиси Кумита ҷиҳати нашр намудани мусоҳиба дар маҷаллаи «Russia & Business Monthly» иҷозат пурсид.


