Мирзохӯҷа Аҳмадов мансабдори Вазорати мудофиа шуд

Date:


Собиқ фармондеҳи Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсияи тоҷик дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт, собиқ раҳбари Шуъбаи минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД Тоҷикистон дар водии Рашт Мирзохӯҷа Аҳмадов дар яке аз Раёсатҳои Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба сифати мутахассиси ғайринизомӣ ба кор қабул шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ подполковник Фаридун Маҳмадалиев хабар дод.

«Ба Аҳмадов рутбаи ҳарбӣ дода нашуд, зеро ӯ мутахассиси низомӣ набуда, дар мо ҳамчуни шаҳрванди мулкӣ кор мекунад», – гуфт Маҳмадалиев.

Тавре маълум аст, дар сохторҳои қудратии бисёре аз кишварҳои ҷаҳон мутахассисони ғайринизомӣ асосан ба сифати мушовирон ё ҳайати шахсии хизматӣ кор карда, ба онҳо маълумоти дорои сирри махфӣ ифшо намегардад, онҳо ба ягон амалиёти махсус сафарбар намешаванд ва умуман ба дӯши онҳо хизмати ҳарбӣ вогузор намегардад.

Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ Мирзохӯҷа Аҳмадов фармондеҳи Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсияи тоҷик дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт буда, пас аз ноил гардидан ба сулҳу созиш ба низоми ВКД ҶТ ба кор қабул шуд. Моҳи феврали соли 2008 бар асари даргирӣ бо тобеъони ӯ дар Рашт фармондеҳи дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и ВКД ҶТ полковник Олег Захарченко кушта шуд.

Соли 2010 ҳукуматдорон М.Аҳмадовро ба ҳамкорӣ бо Мулло Абдулло ва ҳамлаи мусаллаҳона дар моҳи сентябр ба қатори автомашинаҳои Вазорати мудофиа дар Рашт, ки бар асари он афсарону сарбозон ба ҳалокат расиданд, айбдор намуданд. Он замон ҳукуматдорон ҷитҳати ҳабси Аҳмадов кӯшиш ба харҷ дода, манзили ӯ дар деҳаи Белгии ноҳияи Рашт пас аз мавриди типарронӣ қарор гирифтан қисман хароб гардид. Сипас Аҳмадов ва наздикони ӯ ба ҳукуматдорон дар нобуд сохтани гурӯҳҳои ҷиноятпешаи Алӣ Бедакӣ ва Мулло Абдулло кӯмаку мусоидат карданд. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...