Дастаи Рустами Эмомалӣ ба финали Ҷоми «Истиқлол» роҳ ёфт

Дар бозии нимфиналии мусобиқоти футболи Ҷоми «Истиқлол» дастаи Федератсияи футболи Тоҷикистон бар дастаи Бонки миллӣ бо ҳисоби 3 бар 0 дастболо шуда, ба бозии финалӣ роҳ ёфт. Ба ҳайати ин даста президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ, сармураббии тими мунтахаби Тоҷикистон Муҳсин Муҳаммадиев ва сармурабии дастаи «Истиқлол»-и Душанбе Олег Ширинбеков шомиланд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ФФТ, […]

ASIA-Plus


Дар бозии нимфиналии мусобиқоти футболи Ҷоми «Истиқлол» дастаи Федератсияи футболи Тоҷикистон бар дастаи Бонки миллӣ бо ҳисоби 3 бар 0 дастболо шуда, ба бозии финалӣ роҳ ёфт. Ба ҳайати ин даста президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ, сармураббии тими мунтахаби Тоҷикистон Муҳсин Муҳаммадиев ва сармурабии дастаи «Истиқлол»-и Душанбе Олег Ширинбеков шомиланд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ФФТ, акнун дар бозии финалӣ дастаи ФФТ бо тими ширкати «Вавилон» қувваозмоӣ мекунад. Дар вохӯрии нимфиналӣ дастаи «Вавилон» тими Академияи футболи «Истиқлол»-ро бо ҳисоби 4 бар 2 шикаст дод.

Қобили зикр аст, ки ғолиби мусобиқот ба ҷуз Ҷом, дар ҳаҷми 40 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ гирифта, дастаи шикастхӯрда дар бозии финалӣ бо 20 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ сарфароз гардонида мешавад.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.