Фурудгоҳи Данғара байнулмилалӣ мешавад


То ахири соли равон мутахассисони Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ бояд тамоми корҳои омӯзиши лоиҳаи азнавсозии фурудгоҳи Данғараро ба анҷом расонида, онро ба ҳукумат пешниҳод кунанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати нақлиёти ҶТ хабар доданд, дар сурати ҳамаҷониба асоснок гардидани лоиҳа, он ба рӯйхати барномаи давлатии сармоягузорӣ барои соли 2014 ворид карда мешавад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои сомонаи Агентии федералии нақлиёти ҳавоии Русия, зимни сафари мутахассисон ҳанӯз соли 2011 тасмим гирифта шуда буд, ки корҳои азнавсозии фурудгоҳи Данғара аз сар гирифта шаванд. Ин корҳо соли 2002 бинобар сабаби вазъи душвори иқтисодӣ дар кишвар қатъ гардида буданд.

Ҳамчунин қаблан лоиҳаи азнавсозии фурудгоҳи «Данғара» ба рӯйхати лоиҳаҳо дар доираи барномаи Ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ (ЦАРЭС) барои олҳои 2011-2015 шомил гардида, аммо зимни баррасӣ аз он хориҷ гардид. Дар маълумотномаи лоиҳа зикр мегардад, ки фурудгоҳ дар наздикии роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Қалъаи Хумб-ағбаи Қулма- марзи Чин воқеъ буда, хатсайри алтернатвии роҳи 5-и ин барнома мебошад ва корҳои азнавсозии он бояд бо мақсади таъсиси маркази логистика (хизматгузорӣ) дар Данғара ва минтақаи озоди иқтисодӣ дар минтақаи ҷануби кишвар сурат гиранд.

Гуфта мешавад, он замон маблағи тахминии ҳаҷми корҳои азнавсозии фурудгоҳи Данғара 30 млн. доллари ИМА арзёбӣ мешуд. Феълан фурудгоҳи Данғара дар минтақаи ҷануби кишвар мавриди истифода қарор надорад.

spot_imgspot_img

Популярное