Раиси Думаи давлатӣ бо Раҳмон гуфтушунид ва аз пойгоҳи 201-ум боздид мекунад


Раиси Думаи давлатии Русия Сергей Наришкин шоми 6-уми октябр бо сафари дурӯза расмӣ ба Душанбе ташриф меорад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод.

Ба қавли ӯ, субҳ С.Наришкин назди пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошта, сипас бо раисони ҳарду палатаи парлумони Тоҷикистон – Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Шукурҷон Зуҳуров дидору гуфтушунид мекунад. «Нимаи дуюми рӯз раиси Думаи давлатии Русияро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад», – иброз дошт номбурда.

Султонов ҳамчунин изҳор кард, ки тибқи барномаи сафар Наришкин аз пойгоҳи низомии 201-уми Русия, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон низ боздид хоҳад кард. Дар ин муассисаи таълимӣ ба ӯ унвони доктори фахрии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон супурда мешавад.

Зимнан зикр гардид, ки шоми рӯзи 7-уми октябр раиси Думаи давлатии Русия аз Душанбе ба пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек раҳсипор мегардад. 

spot_imgspot_img

Популярное