Посухи омӯзгорони ДМТ ба изҳороти «бебунёд»-и раиси ҲСДТ

Номзадии Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми президентӣ бо назардошти тамоми талаботи Конститутсияи ҷумҳурӣ пешбарӣ шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» таҳти унвони «Чанд посух перомуни «хоҳиш ва талаб»-и бебунёди Р.Зойиров» посухи омӯзгорони факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро нисбат ба изҳороти раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон ба нашр расонидааст. «Дар банди сеюми муқаррароти интиқолии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон […]

ASIA-Plus


Номзадии Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми президентӣ бо назардошти тамоми талаботи Конститутсияи ҷумҳурӣ пешбарӣ шуд. Дар ин бора

АМИТ «Ховар»

таҳти унвони «Чанд посух перомуни «хоҳиш ва талаб»-и бебунёди Р.Зойиров» посухи омӯзгорони факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро нисбат

ба изҳороти раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон

ба нашр расонидааст.

«Дар банди сеюми муқаррароти интиқолии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки: «Интихоботи пай дар пайи Президент барои ду мӯҳлат, ки дар қисми чоруми моддаи 65 пешбинӣ шудааст, баъд аз ба охир расидани ваколати Президенти амалкунанда оғоз меёбад». Дар моддаи 65 омадааст, ки як шахс ба вазифаи Президент бештар аз ду мӯҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад. Аз мазмуни ин муқаррарот чунин бар меояд, ки шахсе, ки соли 1999 ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст, пас аз анҷоми муҳлати ваколаташ (баъд аз гузаштани муҳлати 7-сола) метавонад номзадиашро барои интихоб шудан ба мансаби Президент барои ду мӯҳлати минбаъда пешниҳод намояд. Аз ин рӯ, бо назардошти ҳолати ҷойдошта бояд қайд намуд, ки пешниҳоди номзадии Эмомали Раҳмон ба мақоми президентӣ бо назардошти риояи тамоми муқаррароти Қонуни асосии кишвар роҳандозӣ шуда, ба ҳеҷ ваҷҳ ин амал наметавонад, ки «инкор ва шикасти Сарқонун» бошад», – зикр мегардад дар посухи омӯзгорон.

Дар посух ҳамчунин гуфта мешавад, Зойиров ҳамзамон даъво дорад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар кори Анҷумани ҳизб иштирок надошт ва интихоби номзадии ӯ дар ғайбаш сурат гирифтааст ва аз ин рӯ, ба он назар аст, ки аз тарафи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон амали ғайриконститутсионӣ содир шудааст.

«Ба самъи Зойиров мерасонем, ки аз мазмуни муқаррароти овардашудаи Қонуни конститутсионӣ бармеояд, ки субъекти пешбарикардаи номзад ба мансаби Президенти ҶТ бояд дар давоми ду рӯз номзади пешбаришударо аз қарори худ хабардор намояд. Яъне пешбарии номзад ба мансаби Президенти ҶТ дар ғойибиаш комилан имконият дорад ва пурра ба талаботи Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Президенти ҶТ» мувофиқат мекунад», – баён мегардад дар посух.

Ёдрас мекунем, ки ахири ҳафтаи сипаришуда, раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров бо изҳороте ба президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки аз интихобот дар маъракаи интихоботи президентӣ даст кашида, ба нақзи Конститутсияи кишвар роҳ надиҳад.

Дар саҳифаи Зойиров дар шабакаи Фейсбук дар ин робита зикр гардида буд, ки вакилони ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмонро боз номзади худ интихоб карданд, ки ин ин шикаст ва инкори Конститусия мебошад, азбаски Э. Раҳмон дигар ҳуқуқи номзад ба мақоми президентӣ шуданро надорад.

«Хабар расид, ки худи Эмомалӣ Раҳмон дар ин Анҷуман иштирок надошт ва интихоби номзадии ӯ дар ғайбаш сурат гирифтааст, яъне ҳоло ин амали ғайриконститутсионӣ на аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, балки ҲХДТ содир шуд», – менависад сиёсатмадор.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.