Дархости З.Саидов оид ба баррасии парванда бидуни ҳузури худ

spot_imgspot_img

Дата:


Дар мурофиаи навбатии судӣ соҳибкор Зайд Саидов ба нишони эътироз аз суд дархост намуд, ки минбаъд парвандаи ҷиноии ӯ бидуни ҳузури худаш дар толори суд баррасӣ шавад.

Шуҳрат Қудратов, адвокати соҳибкор ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита хабар дод, ки баъди аз ҷониби суд рад шудани ташсиси такрории ДНК-и кӯдак, ки ба эҳтимоли падар будани ӯ ба ин кӯдак соҳибкорро гунаҳкор мекунанд, ӯ ба чунин қарор омадааст.

Ба қавли адвокат, Саидов аз якҷонибаву ғайривоқеӣ ва бидуни риояи муқаррароти Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ баррасӣ шудани парвандааш норозигӣ изҳор намудааст.

«Ба нишони эътироз ӯ имрӯз аз суд дархост намуд, ки натанҳо бидуни ҳузури худаш парванда баррасӣ шавад, балки ҷониби ҳимояи ӯ низ дар суд иштирок накунад, зеро мурофиаи тамоили гунаҳкориро пайдо карда, ба ӯ барои ҳимоят аз худ имкон намедиҳанд», – гуфт Қудратов.

Рӯзи сешанбе ҷониби ҳимоя аз суд дархост намуд, ки ташхсиси ДНК-и кӯдак такроран баргузор гардад, зеро адвокатҳои соҳибкор ба қонунӣ будани хулосаи ташхиси дар маводи парванда вуҷуддошта шубҳа доранд. «Ташхиси аввали ДНК бидуни риояи Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ гузаронида шуд, чунки аз зерҳимояи мо мавод барои ташхиси генетикии ДНК гирифта нашуда буд», – мегӯяд ҳуқуқшинос.

Имрӯз ҳам суд бо сабаби дар парванда аллакай мавҷуд будани хулосаи ташхиси генетикии ДНК, баргузор намудани ташхиси такрориро рад кард.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...