Кӯмаки Вазорати маориф ба омӯзгорони аз заминларза осебдидаи Ваҳдат

Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ба омӯзгорони макотиби таҳсилоти умумии шаҳри Ваҳдат, ки аз заминларзаи рӯзи 10-уми ноябри соли равон зарар дида буданд, кӯмак кард. Котиби матбуотии Вазорати мазкур Маҳмудхон Шоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бо ташаббуси вазорат макотиби таҳсилоти умумии кишвар ба омӯзгорони осебдидаи Ваҳдат 17 тонна маводи ғизойӣ, […]

ASIA-Plus


Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ба омӯзгорони макотиби таҳсилоти умумии шаҳри Ваҳдат, ки аз заминларзаи рӯзи 10-уми ноябри соли равон зарар дида буданд, кӯмак кард.

Котиби матбуотии Вазорати мазкур Маҳмудхон Шоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бо ташаббуси вазорат макотиби таҳсилоти умумии кишвар ба омӯзгорони осебдидаи Ваҳдат 17 тонна маводи ғизойӣ, аз ҷумла сабзавот, орд, биринҷ, шакар, равғани растанӣ, чой ва дигар анвои маҳсулоти хӯрокворӣ фиристоданд. «Кӯмак ба маҳалли ҳодиса расонида шуда, миёни осебдидагон тақсим карда шуд», – гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, мудири шӯъбаи маорифи шаҳри Ваҳдат Сафаралӣ Камолов ба ОИ «Азия-Плюс» дар мавриди ин масъала изҳор кард, ки бар асари заминларзаи рӯзи 10-уми ноябр 9 манзили зисти омӯзгорон пурра ва 42 манзили онҳо қисман хароб шуданд. «Ғайр аз ин, бинои ду мактаби таҳсилоти умумӣ ва ду мактаби ибтидоӣ низ зарар дида, айни замон толибилмони ин мактабҳо дар дигар муассисаҳои таълимӣ таҳсил доранд», – гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки маркази заминларзаи шоми рӯзи 10-уми ноябр деҳаи Андигони ноҳияи Ваҳдат муқаррар шуда буд. Дар маркази заминларза қувваи он 5 балл ва дар шаҳри Душанбе 4 баллро ташкил дод. Бар асари ин офати табиӣ 118 оила бе манзили зист монда, боз 259 хонаи истиқоматӣ қисман валангор гашт. 12 нафар захмҳои гуногун бардоштанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Бахши озуқа ва кишоварзии СММ: “Ба амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”

Дар ҳмоиши ин ниҳоди байналмилалӣ, ки дар Душанбе идома дорад, боз чӣ гуфтанд?

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.