Чанде қабл дар шаҳри Ню-Йорк мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо Муовини аввали Дабири кулли СММ Ян Элиасcон доир шуд.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни вохӯрӣ Ян Эллиасон аз номи Дабири кулли СММ, ки дар айни ҳол ба Африқои Ҷанубӣ сафар дорад, Сироҷиддин Асловро ба муносибати таъйин гардидан ба вазифаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, орзуҳои некро дар ҷодаи наву пурмасъул таманно намуд.
Муовини аввали Дабири кулл зимни сӯҳбат тазаккур дод, ки Тоҷикистон тайи солҳои охир дар таҳкими рӯзномаи оби СММ, аз ҷумла Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013, саҳми муҳимму созанда гузоштааст. Ян Эллиасон саъйю кӯшишҳои Тоҷикистонро дар тақвият бахшидани амалҳо дар ҳалли масоилу чолишҳои дигари замона, ба монанди тағйирёбии иқлим, таъмини дастрасӣ ба энергияи устувор, коҳиш додани камбизоатӣ ва дигар мусбат арзёбӣ кард.
Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов зимни мулоқот тайид намуд, ки ҳамкории самараноку бисёрҷанбаи Тоҷикистон ва СММ ҷиҳати ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли масоилу мушкилоти замона ва минтақа минбаъд низ идома хоҳад ёфт.





