Пешниҳоди Кабирӣ ба вакилон оид ба вохӯриҳои муштарак бо муҳоҷирон

ASIA-Plus


Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили МН гуфт, ки ӯ дар асоси дархости муҳоҷирини тоҷик ба Шӯрои маҷлиси намояндагон, ки дирӯз, 9-уми декабри соли равон баргузор гардид, пешниҳоди вакилӣ ироа намудааст.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии ҲНИТ, ӯ гуфтааст, ки моҳияти пешниҳод аз он иборат аст, ки аз намояндагони ҳамаи ҳизбҳои парлумонӣ вохуриҳои муштарак бо муҳоҷирин дар шаҳру вилоятҳои гуногуни Русия дошта бошанд.

Ин дархости муҳоҷирин ҳангоми сафари ахири ҲНИТ ва вакили Маҷлиси намояндагон ва мулоқотҳои ӯ бо муҳоҷирини тоҷик садо додааст.

Қобили зикр аст, ки Муҳиддин Кабирӣ дар ҳошияи сафари худ барои ширкат дар форуми байналмилалӣ: “Интегратсияи иқтисодии Авруосиё: пешрафтҳо ва чолишҳо”, ки аз тарафи ҳукумати Тотористон дар таърихи 27 ва 28-уми ноябри соли равон дар шаҳри Қазон баргузор гардид, мулоқотҳо бо ҳамватанон дар шаҳрҳои Қазон, Маскав ва Коломнаи Русия анҷом дода буд.

Роҳбари ҲНИТ ҳадаф аз ин пешниҳоди вакилиро чунин шарҳ дод: “Ин пешниҳоди вакилӣ ба роҳбарияти Маҷлиси намояндагон бо он асоснок шудааст, ки дар Русия бештар аз як миллион интихобкунанда кору зиндагӣ мекунад ва мулоқотҳои муштараки вакилон бо онҳо эътимоди бештари мардумро ба мақомоти давлатӣ ба вуҷуд меорад.”

Ӯ афзуд: “Инчунин, сафару мулоқотҳо бо муҳоҷирон боиси шиносоии бештари вакилон аз вазъи душвори муҳоҷирин хоҳад гашт.”

Материал доступен на этих языках:

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...