Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сюзан Эллиотро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, Қодирӣ зимни сӯҳбат таваҷҷӯҳи сафирро ба тадбирҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бобати таҷдиди хоҷагиҳои калони кишоварзӣ ҷалб намуда, дар ин замина иброз дошт, ки дар вилояти Суғд ислоҳоти замин вусъати бештар мегирад, то саҳмдор соҳиби замин гардад.
Ҳамчунин зикр гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба рушди саноати сабук ва таъсиси ҷойҳои корӣ барои сокинон аҳмияти махсус зоҳир намуда, аз ба роҳ мондани ҳамкориҳои самаранок бо ИМА манфиатдор аст.
Дар навбати худ Сюзан Эллиот иброз намуд, ки ҳукумати ИМА низ хостори тавсеи ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун мебошад. Ӯ изҳор дошт, ки лоиҳаи пешбинишавандаи «Рушди иртибототи роҳӣ дар Осиёи Марказӣ» аз ҷониби ИМА дастгирӣ ёфтааст ва дар ин замина бо Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтушунидҳо идома доранд.
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ҳамзамон изҳори боварӣ намуд, ки давлати ИМА барои таҳсил ва бозомӯзии мутахассисони ҷавони соҳаи хоҷагии қишлоқ ва дастрасии кишоварзони тоҷик бо навъҳои беҳтари тухмии пахта кӯмаки худро мерасонад.





