Хатлон: Маҳкумияти аъзои комиссияи даъват ба хизмати ҳарбӣ

Суди ҳарбии гарнизони Хатлон ду нафар аъзои комиссияи даъват ба хизмати ҳарбии ноҳияи Носири Хусравро маҳкум намуд. Судяи суди ҳарбии гарнизони Хатлон Исмоилбек Мирмахсумов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки табиби комиссия Бобохон Очилдиев ба сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ, баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва сохтакории хизматӣ, корманди шуъбаи дуюми комисариати ҳарбии […]

Сайраҳмон Назриев


Суди ҳарбии гарнизони Хатлон ду нафар аъзои комиссияи даъват ба хизмати ҳарбии ноҳияи Носири Хусравро маҳкум намуд.

Судяи суди ҳарбии гарнизони Хатлон Исмоилбек Мирмахсумов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки табиби комиссия Бобохон Очилдиев ба сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ, баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва сохтакории хизматӣ, корманди шуъбаи дуюми комисариати ҳарбии ноҳия Шуҳратҷон Тавқиев ба сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ ва сохтакории хизматӣ гунаҳкор дониста шуда, ҳар кадоме ба 2 соли зиндон маҳкум карда шуданд.

Дар ҷараёни маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ табиб Бобохон Очилдиев дар корти 6 нафар даъватшаванда ғайриқонунӣ онҳоро бемор зикр карда, барои бистарӣ шудан ба бемористони ноҳия мефиристад. Чун худаш дар ин бемористон кор мекард, ин даъватшавандагонро бистарӣ намекунанд, аммо дар кортҳо зикр гардида буд, ки онҳо дар бемористон бистарӣ буданд.

Бар асоси ин хулосаи тиббӣ корманди шуъбаи дуюми комисариати ҳарбии ноҳия Шуҳратҷон Тавқиев дар корти даъвати онҳо муҳри комиссияи даъватро гузошта, ба онҳо бо тамғаи «ба хизмати ҳарбӣ корношоям аст» билети ҳарбӣ медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.