КДАМ: Нобуд шудани роҳбари қочоқбарони афғон дар марз

Зимни амалиёти махсуси кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар қаламрави ноҳияи Ҳамадонӣ алайҳи гурӯҳи ҷиноятпешаи фаромиллӣ муқовимати мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ хабар доданд, аъзои гурӯҳ таҳти роҳбарии шаҳрванди 40-солаи Афғонистон, сокини деҳаи Дарқади вилояти Тахор Довуд валади Ҷумъахон ба кормандони мақомоти амният муқовимати […]

Аваз Юлдошев


Зимни амалиёти махсуси кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар қаламрави ноҳияи Ҳамадонӣ алайҳи гурӯҳи ҷиноятпешаи фаромиллӣ муқовимати мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ хабар доданд, аъзои гурӯҳ таҳти роҳбарии шаҳрванди 40-солаи Афғонистон, сокини деҳаи Дарқади вилояти Тахор Довуд валади Ҷумъахон ба кормандони мақомоти амният муқовимати мусаллаҳона нишон додаанд.

«Роҳбари гурӯҳ ба сӯи кормандони амният норинҷаки ҷангӣ партофта, вале бо оташи ҷавобӣ кушта шуд. Ба ҳаммаслакони ӯ муяссар шуд, ки дар қаламрави кишвари ҳамсоя паноҳ баранд», – гуфтанд дар КДАМ.

Зимнан зикр гардид, ки аз ҷойи ҳодиса ду норинҷаки дастии Ф-1 ва 15 кило маводи мухаддир дарёфт шудааст.

Қобили зикр аст, ки шурӯъ аз оғози соли равон кормандони КДАМ Тоҷикистон беш аз 2 тоннаву 232 кило маводи мухаддирро аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.