Департамети давлатии ИМА бо пахши як хабар дар сомонаи расмиаш рӯзи 11-уми декабр изҳор дошт, ки ИМА ба маблағгузорӣ дар ҳаҷми 15 млн. доллари ИМА ба лоиҳаи CASA-1000 дар Осиёи Марказӣ омода аст.
Дар хабар зикр мегардад, ки ҳукумати ИМА ин лоиҳаро, ки ба ташкили низоми энергетикии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад, ояндадор мешуморад. Ғайр аз ин, департаменти давлатии ИМА ба яке аз муассисони лоиҳа шудан низ таваҷҷуҳ кардааст.
«Мо умедворем, ки ин иқдоми ИМА ба мадарасонони дигар дар дастгирии лоиҳа мусоидат намуда, ба Бонки ҷаҳонӣ ва шӯрои мудирони он ҷиҳати қабули қарор оид ба маблағгузории лоиҳа дар соли оянда кумак мерасонад», – гуфта мешавад дар хабар.
Департаменти давлатии ИМА зикр мекунад, ки амалисозии лоиҳаи CASA-1000 ба Тоҷикистону Қирғизистон ҷиҳати дарёфти даромад аз иқтидорҳои энергетикии мавсими тобистон мавриди истифода қарорнадошта шароити мусоид фароҳам меорад.
«Афғонистон ҳамчун истеъмолгар ва кишвари транзитӣ манфиат пайдо карда, Покистон ба нерӯи барқи иловагӣ дар ҳаҷми 1000 МВт дар мавсими тобистон ниёз дорад. Ин лоиҳаҳо ба болоравии рушди иқтисод, таъмини сулҳи субот дар минтақа ба муддати тӯлонӣ қодиранд ва маҳз барои ҳамин ИМА онро дастгирӣ намуда, омодаанд, ки ҳаммуассиси лоиҳа бошанд», – омадааст дар хабар.
Қобили зикр аст, ки дар доираи Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-100) Тоҷикистону Қирғизистон уҳдадор мешаванд, ки муддати 15 сол дар мавсими тобистон (аз моҳи май то сентябр) ба Покистон дар ҳаҷми 1000 МВт ва ба Афғонистон 300 МВт нерӯи барқ интиқол диҳанд, ки дар панҷ моҳ 5 млрд. кВт/соатро ташкил медиҳад. Аз ин ҳаҷм интиқоли 2 млрд. кВт/соат ба дӯши Қирғизистон ва 3 млрд кВт/соат нерӯи барқ ба дӯши Тоҷикистон вогузор мегардад.
Арзиши умумии лоиҳаи CASA-1000 ба 953 млн. доллари ИМА баробар аст. Аз оғози бевоситаи амалисозии лоиҳаи мазкур аввали соли оянда интизорӣ рафта, анҷоми он соли 2017 дар назар аст.





