Кумитаи андоз: Ба қатъи фаъолияти нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» роҳ намедиҳем

Чанд рӯз қабл директори генералии ҶСК «НОБ Сангтӯда-1» Павел Лавров ва раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ Нусратулло Давлатов гуфтушунид анҷом дода, ба мувофиқа расиданд, ки ҷадвали пардохти қарзи андоз таҳия шуда, нерӯгоҳ онро тадриҷан пардохт мекунад. Муовини раиси Кумитаи андоз Пӯлодҷон Юсуфов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки мақомоти андоз мақсади […]

Заррина Эргашева


Чанд рӯз қабл директори генералии ҶСК «НОБ Сангтӯда-1» Павел Лавров ва раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ Нусратулло Давлатов гуфтушунид анҷом дода, ба мувофиқа расиданд, ки ҷадвали пардохти қарзи андоз таҳия шуда, нерӯгоҳ онро тадриҷан пардохт мекунад.

Муовини раиси Кумитаи андоз Пӯлодҷон Юсуфов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки мақомоти андоз мақсади қатъи фаъолияти нерӯгоҳро надорад ва онҳо аз суратҳисобҳои нерӯгоҳ маблағ нагирифтаанд.

«Бидуни розигии раҳбарияти нерӯгоҳ мо маблағҳоро гирифта наметавонем. Гузашта аз ин, агар нерӯгоҳ восита медошт, ӯ андозро пардохт мекард», – шарҳ дод ӯ дар робита ба масъалаи ҳабси суратҳисобҳои нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ва маҷбуран рӯёнидани маблағи қарздорӣ, ки 52 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки дар изҳороти расмии ҶСК «НОБ Сангтӯда-1» зикр гардида буд, ки санаи 4-уми декабр аз суратҳисобҳои Ҷамъият рӯёнидани ғайриаксептии воситаҳои пулӣ ба нафъи Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ сурат гирифт.

Юсуфов бо мафҳуми «ҳабси суратҳисобҳо» мувофиқ набуда, хоҳиш дорад, ки «бо ин истилоҳот эҳтиёткор мебояд буд» ва зикр кард, ки тибқи қонунгузории андоз, яке аз воситаҳои маҷбуран рӯёнидани қарз аз андоз ҳабси амвол аст, «аммо нисбати нерӯгоҳ ин восита истифода нашуд».

Муовини раиси Кумитаи андоз гуфт, раҳарияти Кумита аз мушкилоти марбут ба қарздории ширкати «Барқи тоҷик» ба ҶСК «НОБ Сангтӯда-1» огоҳ буда, аз ин рӯ, қарор шудааст, ки нерӯгоҳ қарзи андозро марҳила ба марҳила ҳисоббаробарӣ мекунад.

«Мо ба ҳалли ин масъала тариқи пардохт аз ҳисоби пардохти қарз аз ҷониби ширкати «Барқи тоҷик» мухолиф нестем, вале ин масъала бояд дар сатҳи ҳукумат ҳаллу фасл гардад ва ҳукумат метавонад Вазорати молияро ба он масъул созад», – иброз дошт ӯ.

Дар ҶСК «НОБ Сангтӯда-1» ҷараён доштани гуфтушунид дар ин хусусро тасдиқ намуда, вале изҳор карданд, ки ҳанӯз ҷиҳати ҳаллу фасли масъала сари қарори мушаххасе нарасидаанд.

«Дарвоқеъ ҳам аз суратҳисоби мо маҷбуран як миқдор маблағи пулии мавҷуда дар он гирифта шуд ва агар дар суратҳисоб 52 млн. сомонӣ маблағ мавҷуд мебуд, онро меситониданд, аммо ин қадар маблағ дар он вуҷуд надошт», – гуфтанд дар нерӯгоҳ.

Зимнан зикр гардид, ки «фаъолияти нерӯгоҳ ба хотири нафъи Тоҷикистон идома дошта, раҳбарияти он ба қатъи кори нерӯгоҳ манфиатдор нест».

Қаблан иттилоъ дода будем, ки фаъолияти нерӯгоҳи обиву барқии «Сангтӯда-1», ки 15% аз ҳаҷми умумии истеҳсоли нерӯи барқ дар кишварро ташкил медиҳад, бинобар сабаби ҳабси суратҳисобҳои ширкат аз ҷониби Кумитаи андоз,

метавонад халалдор шавад.

Дар изҳороти расмии ҶСК «НОБ Сангтӯда-1» дар ин робита изҳор гардида буд, ки рӯзи 29-уми ноябр Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ дар бораи ҳабси суратҳисобҳои ширкат қарор қабул намудааст. Дар он изҳорот шуда буд, ки ҳарчанд сабаби асосии қарздории ширкат аз андоз саривақт ва нопурра аз ҷониби ширкати «Барқи тоҷик» пардохт нашудани маблағи истифодаи барқи нерӯгоҳ бошад ҳам, Кумитаи андоз қарор кардааст, ки аз ҶСК «Сангтӯда-1» маблағи қарздорӣ дар ҳаҷми ҳудуди 52 млн. сомонӣ маҷбуран рӯёнида шавад. Ба санаи 1-уми декабри соли 2013 маблағи қарздории ШСХК «Барқи тоҷик» дар назди ҶСК «НОБ Сангтӯда-1» зиёда аз 404 млн. сомониро ташкил медиҳад.

ҶСК «Нерӯгоҳи обӣ-барқии Сангтӯда-1» корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия аст, ки соли 2006 бо мақсади анҷоми сохтмон ва истифодаи минбаъдаи нерӯгоҳи обӣ-барқӣ дар рӯдхонаи Вахши Тоҷикистон таъсис ёфт. Иқтидори тавлидотии нерӯгоҳ 670 мегаватт арзёбӣ шудааст. Маблағи умумии лоиҳа зиёда аз 600 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, 25%-и саҳми он дар ихтиёри Тоҷикистон мебошад. Агрегати аввали нерӯгоҳ 20-уми январи соли 2008 ва 31-уми июли соли 2009 пурра чор агрегати нерӯгоҳ мавриди истифода қарор гирифтанд. Ба ҳиссаи нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ҳудуди 15% аз ҳаҷми умумии нерӯи барқи дар Тоҷикистон истеҳсолшуда рост меояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.