Дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ба вакилон дар бораи ҷараёни иҷрои барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар зарфи 11 моҳи соли равон, нақша ва вазифаҳои мақомоти шаҳрдорӣ дар соли 2014 ҳисобот дод.
Раиси пойтахт таъкид дошт, ки дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ дар корхонаҳои саноатии пойтахт ба маблағи умумии 815,5 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 81,8 млн. сомонӣ камтар аст.
«Сабаби асосии пастшавии суръати ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ – ин аз 1 январи соли 2013 то 25 сентябри соли ҷорӣ қатъ гардидани интиқоли гази табиӣ ба ҶСК «Тоҷиксемент» ба ҳисоб меравад, ки аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ интиқол мегардад. Маҳз бо ҳамин сабаб беш аз 154,8 ҳазор –тонна семент ба маблағи 125,19 млн. сомонӣ кам истеҳсол гардид», – зикр кард раиси пойтахт.
Ҳамчунин зикр гардид, ки дар моҳҳои январ- ноябри соли 2013 аз 258 корхонаи саноатии пойтахт 148 корхона ё 57,4 фоизи корхонаҳои саноатии шаҳр ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро аз 100 фоиз зиёд намуда, дар умум 99,4 млн. сомонӣ фоида ба даст оварданд.



