Ба ҳаракати нақлиёт тавассути роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд, ки марказро бо минтақаи шимоли ҷумҳурӣ мепайвандад, иҷозат дода шуд.
Бино ба маълумоти филиали ширкати IRS, қитъаи Варзоби роҳи автомобилгарди Душанбе – Чанак аз оқибатҳои ҳодисаҳои табиӣ тоза карда шуда, ҳаракати нақлиёт мувофиқи реҷаи БДА амалӣ карда мешавад.
«Айни замон роҳдорони намояндагии Варзоби филиали IRS корҳоро ҷиҳати васеъ кардани қисми мошингард дар ҷойҳои тармафароӣ оғоз намуданд. Дар иҷрои корҳои мазкур зиёда аз 18 техникаи махсус мавриди истифода қарор доранд», – иттилоъ медиҳад филиали ширкат.
Дар маълумот ҳамчунин зикр мегардад, ки сарфи назар аз хубтар гардидани шароити обуҳаво, то ҳанӯз хавфи фаромадани тармаҳо дар қитъаи аз 45 то 73-ум километри роҳ боқӣ мемонад.
«Бинобар ин, аз тамоми истифодабарандагони рох хоҳиш карда мешавад, ки мувофиқи имкон аз ҳаракат дар қитъаи мазкур худдорӣ намоянд», – дархост мекунанд кормандони филиал.



