Баррасии фаъолияти минбаъдаи Tethys Petroleum дар Тоҷикистон

Чанде қабл дар Душанбе зимни мулоқоти мақомоти раҳбарии Саридораи геологияи назди ҳукумати ҶТ бо президенти ширкати Tethys Petroleum Limited Дэвид Робсон масъалаи фаъолияти минбаъдаи ин ширкат дар Тоҷикистон баррасӣ шуд. Бино ба итттилои хадамоти матбуоти Саридораи геологияи ҶТ, ҷонибҳо атрофи масоили таҳияи нақшаи амали минбаъдаи фаъолияти ширкат ва роҳҳои ҷудо кардани воситаҳо барои эҳтиёҷоти ширкат […]

Пайрав Чоршанбиев



Чанде қабл дар Душанбе зимни мулоқоти мақомоти раҳбарии Саридораи геологияи назди ҳукумати ҶТ бо президенти ширкати Tethys Petroleum Limited Дэвид Робсон масъалаи фаъолияти минбаъдаи ин ширкат дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Бино ба итттилои хадамоти матбуоти Саридораи геологияи ҶТ, ҷонибҳо атрофи масоили таҳияи нақшаи амали минбаъдаи фаъолияти ширкат ва роҳҳои ҷудо кардани воситаҳо барои эҳтиёҷоти ширкат ҷиҳати таҳқиқи минтақаҳои пешбинишуда табодули назар намуданд.

Мақомоти раҳбарии Саридораи геологияи ҶТ ба намояндагони ширкати Tethys Petroleum Limited барои кумаки молиявӣ дар амалисозии лоиҳаҳои қаблӣ минннатдорӣ изҳор намуда, зикр кард, ки ба туфайли ҳамкориҳои дуҷониба имрӯз дар бораи Тоҷикистон ҳамчун кишвари аз нигоҳи геологӣ сарватманд ва рушдёфта ҳарф мезананд.

Ширкати байнулмилалии нафту гази Tethys Petroleum Limited аз соли 2008 дар Тоҷикистон фаъолият дорад. Ахири моҳи июли соли 2012 мақомоти раҳбарии Tethys Petroleum изҳор карда буд, ки дар натиҷаи гузаронидани корҳои иктишофи геологӣ дар Тоҷикистон захираҳои хеле зиёди нафту газ ошкор шуданд, ки 27,5 млрд. баррели эквиваленти нафтиро ташкил медиҳанд ва 69%-и он ба гази табииву 31%-аш ба нафту конденсати газӣ рост меоянд.

Пас аз ин изҳорот ширкатҳои бузурги ҷаҳоние чун Total Exploration and Production («Total») ва Корпоратсияи миллии нафти Чин (CNPC) низ ба захираҳои нафту гази Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Аввали моҳи январи соли равон Сарраёсати Идораи геологияи назди ҳукумати ҶТ изҳор дошт, ки

 умедвор аст

, сармоягузорӣ ба бахши нафту газ ва корҳои иктишофӣ дар ҷумҳурӣ аз ҷониби ширкатҳои Tethys, Total ва CNPC давоми соли 2014 оғоз меёбанд.

Зимни нишасти хабарӣ сардори тозатаъини Идораи мазкур Мурод Ҷумъаев дар ин робита изҳор кард, ки ширкатҳои Tethys, Total ва CNPC дар бозори нафту гази ҷаҳон аз ширкатҳои муваффақ шинохта шуда, ба Тоҷикистон рӯ овардани онҳо умедвориҳои зиёдеро ба бор меоварад. «Имсол онҳо самти корҳоро муайян хоҳанд кард», – гуфт ӯ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Диди нав ба мавзӯи куҳан. Китоби нави “Бозиҳои қисмат”-и Холиқназар Ҷумъазода аз чиҳо қисса мекунад?

Бар хилофи навиштаҳои қаблии ҳаҷвияш, ин китоб бо муҳтавои ҷиддӣ ва моҷароӣ омода шудааст.

Дар Осиёи Марказӣ дар куҷо гӯшт аз ҳама гаронтару дар куҷо арзонтар аст?

Дар Тоҷикистон нархи 1 кг гӯшт ба ҳисоби миёна 10-11 долларро ташкил медиҳад.

Ифшои ҷиноят баъди 26 сол. Пулиси Душанбе аз боздошти се тан бо гумони дуздии як кирокаш хабар дод

Гумонбарон кирокашро гаравгон гирифта, барои раҳоияш 4 ҳазор доллар талаб кардаанд.

Дастрасӣ ба иттилоъ ва амнияти рӯзноманигорон. Дар конфронси Рӯзи озодии матбуот дар Душанбе чиҳо баррасӣ мешаванд?

Яке аз бахшҳои дигари конфронс ба таъсири ҳушвора (AI) ба журналистика бахшида шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 80

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Такрори пирӯзии соли пеш: Се медали тиллои ҷудокорони тоҷик дар Grand Slam-и Душанбе

Дар мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе мунтахаби Тоҷикистон ба дастоварди ноил шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Зиёдулло Шаҳидӣ то даргузашти Саъдулло Раҳимов ва Рӯзи байналмилалии оташнишонҳо

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршиносон мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.