Вохӯрии муовини нахуствазир бо сокинони Ворух



Чанде қабл муовини нахуствазири Тоҷикистон, ҳамраиси комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ Муродалӣ Алимардон бо сокинони ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара вохӯрд.

Тавре як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд хабар дод, зимни вохӯрӣ муовини нахуствазир ба сокинони Ворух дар бораи тадбирҳои андешидаи ҳукумат ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ дар марз бо Қирғизистон маълумот дод.

«Алимардон таъкид дошт, ки ҳукумати Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро хоҳад андешид, то ки Ворух бо қаламрави ҷумҳурӣ пайваста, аз мақоми ҷазирақаламрав берун шавад», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, ноиби нахуствазир аз аҳолии Ворух даъват кард, ки нисбати мардуми кишвари ҳамсоя ба иғвогариҳо роҳ надиҳанд ва ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки мардуми тоҷику қирғиз асрҳо паҳлӯи ҳам дар ҳусни дӯстиву ҳамҷаворӣ зиндагӣ доштанд.

spot_imgspot_img

Популярное