Мизони таваррум дар моҳи январ 0,4%-ро ташкил дод

Моҳи аввали соли равон мизони таваррум дар Тоҷикистон 0,4%-ро ташкил дод. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, моҳи январи соли 2014 нархҳо ба маводи ғизоӣ ба андозаи 0,4% ва хизматгузории пулакӣ ба миқдори 1% афзуда, арзиши маҳсулоти ғайриғизоӣ бетағйир боқӣ мондааст. Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии кишвар дар […]



Моҳи аввали соли равон мизони таваррум дар Тоҷикистон 0,4%-ро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, моҳи январи соли 2014 нархҳо ба маводи ғизоӣ ба андозаи 0,4% ва хизматгузории пулакӣ ба миқдори 1% афзуда, арзиши маҳсулоти ғайриғизоӣ бетағйир боқӣ мондааст.

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии кишвар дар соли равонро дар мизони 7,5% нигоҳ дорад.

Дар ҳамин ҳол, сатҳи таварруми соли гузашта дар ҷумҳурӣ сабтшуда – 3,7% аз ҳама пасттарин дар замони истиқлолияти кишвар мебошад. То ин замон сатҳи нисбатан пасти таваррум соли 2012 ба қайд гирифта шуда буд, ки 6,4%-ро ташкил дода буд.

Суръати миёнаи моҳонаи таваррум дар бахши истеъмолии ҷумҳурӣ дар соли гузашта 0,31%-ро ташкил дода буд. Дар соли 2012 ин нишондиҳанда ба 0,53% баробар буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.