Муноқишаи навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Дар марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаи навбатӣ ба вуқӯъ пайваст. Сокини деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара Фарҳод Сафаров ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки  соати 23-и шаби 15 ба 16-уми феврал дар роҳи мошингарди Исфара – Ворух, назди дарвозаи дастаи сарҳадбонии Капчигайи Қирғизистон, воқеъ дар деҳаи Оқсой чор қирғизи сархуш бидуни сабабе […]



Дар марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаи навбатӣ ба вуқӯъ пайваст.

Сокини деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара Фарҳод Сафаров ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки  соати 23-и шаби 15 ба 16-уми феврал дар роҳи мошингарди Исфара – Ворух, назди дарвозаи дастаи сарҳадбонии Капчигайи Қирғизистон, воқеъ дар деҳаи Оқсой чор қирғизи сархуш бидуни сабабе автомашинаи сокини Ворух Муломасъуд Бобоевро, ки аз Исфара ба Ворух мерафтааст, сангборон кардаанд. Дар натиҷа ойинаи қафои автомашинаи «Опел-Зефира» рақами давлатиаш 98-60 СТ 02/РТ пурра шикаста шудааст.

«Кормандони шуъбаи милисаи Врух дарҳол ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, маводи зарурӣ омода кардаанд. Аз қавли Бобоев, ки танҳо автомашина мерондааст, сокинони деҳаи қиргизӣ назди дастаи сарҳадбонон қарор дошта, ҳамроҳашон як низомӣ ҳам будааст, вале барои пешгирии ин амали авобошонаи ҷавонон ҳеҷ чорае наандешидааст», – иброз дошт манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, маълум шудааст, ки он низомӣ М.Маматқулов, муовини командири дастаи марзбонии Капчигай будааст.

Ба қавли кормандони милиса,дар моҳи феврал ин аллакай ҳодисаи сеюмест, ки аз ҷониби шаҳрвандони кишвари ҳамсоя ба сокинони Ворух зарари моддӣ расонида мешавад. Аммо барои муташанниҷ нашудани вазъ, тамоми масоилро бо тартиби корӣ бидуни ҷалби шаҳрвандони мулкӣ ҷиҳати ҳал ба Қирғизистон ҳавола кардаанд.

Дар ҳукумати шаҳри Исфара ҳам ин маълумотро ба ОИ «Азия-Плюс» тасдиқ карданд, вале аз шарҳи ҷузъиёти минбаъдаи он худдорӣ варзиданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.