КИ ҲХДТ дар Хатлон вазифаҳо барои соли равонро муайян кард

Дар толори Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои барқи ҷанубӣ» Маҷлиси Кумитаи иҷроия (КИ)-и Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон баргузор гардид. Бино ба иттилои сомонаи расмииҲХДТ, дар кори маҷлис аъзои Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ, узви кумитаи иҷроияи шаҳру ноҳияҳо-раисони шаҳру ноҳияҳо, раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо, гуруҳи вакилии ҳизбӣ дар маҷлиси вакилони халқи […]



Дар толори Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои барқи ҷанубӣ» Маҷлиси Кумитаи иҷроия (КИ)-и Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон баргузор гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмииҲХДТ, дар кори маҷлис аъзои Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ, узви кумитаи иҷроияи шаҳру ноҳияҳо-раисони шаҳру ноҳияҳо, раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо, гуруҳи вакилии ҳизбӣ дар маҷлиси вакилони халқи вилоят, як қатор раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳри Қӯрғонтеппа иштирок доштанд.

Ҳамзамон, дар маҷлис муовини якуми Раиси ҲХДТ Сафар Сафаров, узви ҲХДТ, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов ширкат варзиданд.

Ба иттилои манбаъ, дар маҷлис ҳисоботи раиси раиси Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода «Дар бораи фаъолияти ташкилотҳои ҲХДТ дар соли 2013 ва вазифаҳо барои соли 2014» шунида шуд.

Муовини аввали раиси ҲХДТ Сафар Сафаров зимни суханрониаш нақши фаъолонаи ташкилотҳои ҳизбии вилояти Хатлон дар соли гузашта ва саҳми арзандаи онҳо дар амалисозии вазифаҳои барномавии ҳизбро таъкид намуда, онҳоро ба фаъолияти бештар муассир дар маҳалҳо дар робита ба чорабиниҳои сиёсии минбаъда, мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ доштан, таҳкими заминаи моддиву техникии кумитаҳои иҷроия ва тақвияти кори идеологӣ даъват кард.

Иҷрокунандаи раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов якдилона узви Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон интихоб шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.