Дастури нахуствазир ҷиҳати омодакунии варзишгарон ба Бозиҳои олимпӣ

Ахири ҳафтаи гузашта таҳти раёсати нахуствазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Шӯрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳидин Муҳиддинов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҷаласа ҷараёни амалисозии қарорҳои қаблан қабулшудаи Шӯро барррасӣ карда шуданд. Ба гуфтаи манбаъ, дар ҷаласа […]



Ахири ҳафтаи гузашта таҳти раёсати нахуствазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Шӯрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳидин Муҳиддинов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҷаласа ҷараёни амалисозии қарорҳои қаблан қабулшудаи Шӯро барррасӣ карда шуданд.

Ба гуфтаи манбаъ, дар ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои маблағгузорӣ ба соҳаи варзиш дар кишвар, ҳавасмандсозии ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқоти варзишӣ, омодакунии варзишгарони тоҷик барои иштирок дар мусобиқоти байнулмилалии солҳои 2014-2016 ва ҳамчунин масъалаи омодагӣ ба Чемпионати ҷаҳон оид ба таэквон-до (ИТФ) миёни наврасон дар Тоҷикистон низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, аъзои Шӯро ва роҳбарони вазорату идораҳои масъул ба иҷрои бечуну чарои супориш ва тавсияҳои сарвари давлат, ки дар мулоқот бо варзишгарон садо дода буд, уҳдадор шуданд.

«Расулзода супориш дод, ки оид ба таблиғи варзиши оммавӣ, сохтмони иншооти муосири варзишӣ, омодакунии варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои 31-уми олимпии соли 2016 дар Рио-де Жанейро, Бозиҳои 2-юми олимпии соли 2014 миёни наврасон дар Нанкин ва Бозиҳои соли равони Осиё дар Инчхон тадбирҳои зарурӣ андешида шавад», – таъкид кард Муҳиддинов.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.