Сатҳи таварруми пасстарин дар Тоҷикистон миёни кишварҳои ОМ

Соли гузашта дар паҳнои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) сатҳи таварруми нисбатан пасттар дар Украина, Озарбойҷон ва Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Бино ба маълумоти портали Trading Economics , соли 2013 нархҳои истеъмолӣ ва тарофаҳои хизматрасонии пулакӣ дар Украина ҳамагӣ ба андозаи – 0,5%, Озарбойҷон – 2,4% ва Тоҷикистон – 3,7% боло рафтаанд. Соли гузашта сатҳи […]



Соли гузашта дар паҳнои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) сатҳи таварруми нисбатан пасттар дар Украина, Озарбойҷон ва Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.

Бино ба маълумоти портали

Trading Economics

, соли 2013 нархҳои истеъмолӣ ва тарофаҳои хизматрасонии пулакӣ дар Украина ҳамагӣ ба андозаи – 0,5%, Озарбойҷон – 2,4% ва Тоҷикистон – 3,7% боло рафтаанд.

Соли гузашта сатҳи таваррум дар Русия – 6,1%, Белорус – 15,3%, Арманистон – 5,5% ва Молдова – 5,2%-ро ташкил додааст.

Дар ҳамин ҳол, сатҳи пасттарини таваррум дар соли гузашта миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Дар ин минтақа нишондиҳандаи нисбатан баландтар дар Ӯзбекистон – 7% ба қайд гирифта шуда, сатҳи таваррум соли гузашта дар Туркманистон ба 6%, Қазоқистон – 4,5% ва Қирғизистон – 4% расидааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.