Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Дар сафоратхонаи Русия дар Тоҷикистон соати 17:00 шоми эҷодии шоир, нависанда ва драматург Темур Зулфиқоров доир мегардад; – Дар доираи мусобиқот барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футуболи Тоҷикистон дастаи «Истиқлол» (Душанбе) бо тими КМВА «Помир» бозӣ мекунад. Қурби асъор Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана […]



Анонс

– Дар сафоратхонаи Русия дар Тоҷикистон соати 17:00 шоми эҷодии шоир, нависанда ва драматург Темур Зулфиқоров доир мегардад;

– Дар доираи мусобиқот барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футуболи Тоҷикистон дастаи «Истиқлол» (Душанбе) бо тими КМВА «Помир» бозӣ мекунад.



Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА

–  4.8051

сомонӣ;


1

евро

– 6.6092

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1385

сомонӣ.  



Як рӯзи таърих


1999

– Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ (баъдтар ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё табдил шуд) ҳамроҳ гардид.


1995

– Нахустин маъракаи интихоботи парлумонии Тоҷикистони соҳибистиқлол.


1931

– Зодрӯзи сароянда, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Меҳрӣ Абдуллоева.


1939

– Мавлуди олим ва нависанда, доктори улуми таърих, профессор Карим Абдулов.


1946

– Зодрӯзи футболбоз, Мураббии шоистаи Тоҷикистон Владимир Ғуломҳайдаров.


1964

– Мавлудии иқтисодчӣ Хуршед Ятимов.


1969

– Зодрӯзи рассом Зебо Давлатшоева.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот (борон, барф).  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +4+9, дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +1+6.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас, баъзан туман мефарояд.      

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2-7, рӯзона 0+5, дар доманакӯҳҳо шабона -8-13, рӯзона -3+2.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда,  баъзан боришот (борон, барф).   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4, рӯзона +4+9, дар доманакӯҳҳо шабона -3-8, рӯзона -1+4.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.     

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона 0-5, рӯзона 0+5;  дар шарқи вилоят шабона -10-15, рӯзона -1-6.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борон, барф).   

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +4+6.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман. 

Ҳарорат: шабона -5-7, рӯзона +1+3.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.

 Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +6+8.


Дар шаҳри Кӯлоб

— Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.    

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +5+7.   


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, барф меборад.   

Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +3+5.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.